Холида Фурӯғ — Афғонистон

Беҳудагӣ  

Бо қаламе, ки абрӣ аст,

Вожаҳоямро,

Ҳиҷо-ҳиҷо мешикананд,

То мисрае аз ишқ нахонам.

Садоямро баридаанд,

Агарчӣ хунин, агарчӣ захмогин.

Дар навори қалби ишқ забт мешавам,

Аммо навмедӣ нерумандтар аст.

Гомҳоям бо пеш рафтан унс намегиранд,

Ва таҳаррук, гуноҳи нобахшудании рӯзгор аст.

Ҳамеша аз нишастану шикастану сукут,

Оинаи маро андарз додаанд.

Соати замони мо ҳамеша панҷи аср аст,

Ҳеҷ гоҳе панҷи бомдод набудааст.

Ҳеҷ гоҳе аз биркаи ёдам нахоҳад рафт,

Ки таҳаррук, гуноҳи нобахшудании рӯзгор аст.

Ҳамеша бӯйи ғуруб дар машомам андӯҳ меовард,

Муҷассамаи кӯҳе дар ман шакл мегирад.

Ва ҳар шаб бо гиристани тӯлонӣ фурӯ мерезам,

Шаҳр фарёди зангор бастааст,

Хастааст.

***

Гиряҳои шабнам

Убур мекунам аз дара- дараи таърих,

Дар ин ҳаво, ки нагун гашта толеъи борон.

Дар ин замин ҳамагӣ душмананд, не ёрон,

Чигуна гул бидиҳам?

Парандагони ҳаёҳу,

Аз ошёнаи андӯҳгини ҳанҷараҳо,

Паридаанд ва қафас пойбандашон кардааст.

Касе намехонад,

Намози панҷараҳоро,

Ки ҳар нигоҳеро,

Дар ин миёна таҳорат намондааст ба ҷо.

Тамоми фасл пур аз боғҳои тоунист,

Ва рехтааст сари ангушти бедҳои наво.

Касе намешунуд гиряҳои шабнамро,

Шаб об гаштаву виҷдони рӯз таркидааст.

Дарахти шеър ба дӯши ман асту ҳайронам,

Дар ин ҷазираи беобрӯйӣ гул бидиҳам?

***

Ҳамеша панҷи аср

Сатрҳои бунафш нигоҳмаро хат-хат мекунанд абас,

Бо қаламе, ки абрист,

Вожаҳоямро,

Ҳиҷо-ҳиҷо мешикананд,

То мисрое аз ишқ нахонам.

Садоямро буридаанд,

Агарчӣ хунин,

Агарчӣ захмогин.

Дар  навори қалби ишқ забт мешавам,

Аммо навмедӣ нерумандтар аст.

Гомҳоям бо пеш рафтан унс намегиранд,

Ва таҳаррук гуноҳи нобахшудании рӯзгор аст.

Ҳамеша аз нишастану шикастану сукут,

Оинаи маро андарз додаанд.

Соати замони мо,

Ҳамеша панҷи аср аст,

Ҳеҷ гоҳе панҷи бомдод набудааст.

Ҳеҷ гоҳе аз биркаи ёдам нахоҳад рафт,

Ки таҳаррук гуноҳи нобахшудании рӯзгор аст.

Ҳамеша бӯйи ғуруб дар машомам андӯҳ меоварад,

Муҷассамаи кӯҳе дар ман шакл мегирад.

Ва ҳар шаб бо гиристани тӯлонӣ,

Фурӯ мерезам.

Шаҳр фарёди зангор бастааст,

Хастааст.

Килкини хонаи мо ожангини калом аст,

Бо девор дар миён мегузорад.

Бедориеро, ки ба он нарсидааст,

Ин бор, борон,

Дар гирдогирди бод мевазад.

Ва дастони дарахтонро,

Бе ҳеҷ санҷише ба замин партоб мекунад,

Ной-нойи танҳоӣ бояд навохт.

خالده فروغ- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *