Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд изҳори сипос намуд

29 апрел дар Қасри миллат Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои робитаҳои пайваста ва судманд давоми 30 соли ҳамкорӣ сипос гуфта, таъкид дошт, ки “Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориямонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умедвориҳои калон дорем”.

Дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ба баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва дастгирии тобоварии иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантию имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар маҷмӯъ ба устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ боис мегардад.

Мусоидат ба пешрафти бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, инчунин маориф ва муҳоҷирати корӣ, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *