Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пас аз пирӯзӣ ба Ватан баргашт

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футзал пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футзали Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон,  мухлисон ва наздикони бозигарону ситоди мураббиён истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, бори аввал дар таърихи худ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024-ро ба даст овард. Чемпионати ҷаҳон аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *