Тоҷикдухтар «Мисс ООН-2016» мешавад?

  Тоҷикдухтар Шаҳноз Эроншо ба давраи ниҳоии озмуни «Мисс ООН-2016» чун намояндаи Тоҷикистон роҳхат гирифтааст. Натиҷаи ниҳоии ин озмун, рӯзи 12-уми август дар шаҳри Ню-Йорк маълум хоҳад шуд.

  Чанде пеш сомонаи расмии «Мис ООН» хабар дод, ки дар озмуни имсолаи он намояндаи Тоҷикистон Шаҳноз Эроншо низ ба даври ниҳоии ин озмун роҳхат гирифта, аз эҳтимол дур нест, ки соҳиби шоҳҷоиза гардад.

  Мавриди зикр аст, ки Шаҳноз мутаввалиди Душанбеи Тоҷикистон буда, то 18- солагӣ муқими Русия гардида,айни ҳол муқими Амрико  ва хатмкардаи колеҷи Ню- Йорк дар риштаи равобити байналмиллали аст.

  Имсол Шаҳноз азми намояндаги кардани Тоҷикистон дар озмуни «Мисс ООН»- ро намуд. Бояд қайд кард ,ки соли 2011 намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин озмун- Нилуфар Шерзод ғолиб ва тоҷбарсари « Намояндаи арзандатарини мамолики шомили СММ» гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *