Дӯстум дар Балх «обро лой» карданист

Баъзе қувваҳо дар Афғонистон мехоҳанд зиддияти байни тоҷикҳо ва ӯзбакҳо тезу тунд созад. Дар саргаҳи он Дӯстум ва пуштибонҳои хориҷии ӯ меистанд.

Аввалан, 4-уми июни соли 2016 дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ҷонибдорони генерал А. Дӯстум (ӯзбактаборҳо), аъзои шӯрои вилоятӣ, зидди волии вилоят Атомуҳаммади Нур (тоҷик) намоиш ташкил карданд ва ӯро дар сӯиистеъмол аз мансаб муттаҳам намуда, гуфтанд, ки вазифаҳои калидиро танҳо ба тоҷикҳо медиҳад.

Лекин  бо вуҷуди омодагии ҳамаҷониба, аз ҷумла даъват дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар намоиш камтар аз 400 одам иштирок карданд. Ташкилкунандагони намоиш ҷонибдорони «Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон» (лидераш генерал А. Дӯстум), муовини раиси «Ҳизби исломӣ» (Г. Ҳикматер) Ҷумъахони Ҳамдард ва волии собиқи вилояти Пактиё ва қумондони «Ҳаракати исломӣ» Саидқосим Анварӣ буданд.

Ҷонибдорони Н. Нур ҳам хостанд намоиши ҷавобӣ ташкил кунанд, вале лидерҳои тоҷикҳо баргузор намудани онро манъ намуданд, зеро ба фикри онҳо ин зиддиятро таҳрик доданаш мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *