Тоҷикдухтарро дар Петербург таҷовуз карданд

Пулиси Русия мегӯяд, як духтари 26-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ҳадафи ҳамлаи ғоратгарона ва таҷовуз ба номус қарор гирифтааст.

Як духтари 26-сола аз Тоҷикистон ба пулиси шаҳри Санкт-Петербург шикоят бурда, гуфтааст, ки дучори ҳамлаи ғоратгарона ва таҷовуз ба номус қарор гирифтааст. Ин духтар гуфтааст, бо телефон бо марде бо номи «Муҳаммад” шинос шуда, бо ӯ қарори мулоқот гузоштааст.

Ҳангоми мулоқот, ки субҳи 17 декабр байни соатҳои аз 8 то 10-и субҳ дар наздикии истгоҳи автобуси шаҳраки Солнечное-2, дар чорроҳаи шоҳроҳи Приморское ва кӯчаи Вокзалная доир шудааст, ин мард ба номуси ин духтар таҷовуз карда, ӯро латукӯб ҳам кардааст. Баъди ин ҳамлагар 5 000 рубл ва телефони «Samsung”-и духтарро ба яғмо бурдааст.

Солнечное дар соҳили халиҷи Фин дар ҳудуди ноҳияи Курортнийи Петербург ҷойгир шудааст.

Духтар баъди ин қазия ба бемористони Приморское муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи табибон, косахонаи сар, миён ва рӯю гардани духтар осеб дида, мағзи сараш ҷумбидааст ва як ангушти дасти росташ низ шикатааст. Ӯро баъдан дар бемористони шаҳрии рақами 3 бистарӣ кардаанд

Пулиси Петербург мегӯяд, қазияро ба баррасӣ гирифтааст ва мардеро, ки ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардааст, ҷустуҷӯ мекунад. Духтар гуфтааст, ки ин мард дар тан курткаву шим ва пойафзоли сиёҳ дошт. Ӯ зоҳиран 25-30 сол ва симои осиёӣ доштааст.

Тафсилоти бештари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *