“ТоҷикЭйр” дар 6 моҳ 200 тобути тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон овард
Ширкати ҳавопаймои “ТоҷикЭйр” дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Русия 200 тобут “Груз 200”-ро ба Ватан интиқол додааст.
Ин нуктаро Хайрулло Раҳимов, директори ширкати номбурда 25 июл дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи Раҳимов, дар ин давра ҳамчунин 95 мусофири депоршударо аз он кишвар ба Тоҷикистон овардаанд: “Мақомоти дахлдори Русия ба парвозҳои наздик нигоҳ карда, муҳоҷирони депортшударо равон мекунанд. Онҳо вақте ҳуҷҷатҳоро тартиб медиҳанд, нигоҳ мекунанд, ки вақти фиристодани муҳоҷирони депортшуда ба парвозҳои ширкати мо рост мегирад ё “СомонЭйр”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ