Маҳмадулло Тағоев дар  Сурия буданашро рад мекунад!

    Маҳмадулло Тағоев як нафар тоҷики 5 сол гумномгаштаи ҳисорӣ , ки дар шаҳри Экатиринбург зисту зиндагонӣ мекард ба сомонаи мо дар тамос гашт. Ба гуфтаи Маҳмаддуло дар ин 5-соли гумномбуданаш ҳар гуна овозаҳои гўшхарош дили падару модари мазлумашро ба изтироб андохта будааст. Онҳо гумон кардаанд, ки писарашон Маҳмадулло ба фиреби ҷосусони ифротгарро афтида ба  Сурия рафтааст, вале дар асл худи Маҳмадулло ин андешаро рад карда мегўяд, ки сабаби дар 5соли охир аз худ дарак надоданаш зиндонӣ буданаш будааст. Ӯ ба тӯҳмати маъшуқааш Настя афтида, тамоми тиловориҳои ба яғморафтаи дўстдухтараш ба сараш бор гаштаасту аз рўи ў шикояти наздикони Насття бурда шудааст. вақте кормандони ҳифзи ҳуқўқ ин ҳодисаро тафтиш намуданд, аён гашт, ки охирон лаҳзаи дидор Маҳмадудло дар хонаи Настя будааст. Баъди он, ки гуноҳ пура ба сари ман бор гашт, ҳукми суд маро ба мўҳлати 4-соли расо аз озодӣ маҳрум намуд мегўяд ҷабрдида Маҳмадулло Тағоев

Махмадулло Тағоев наздиконашро аз ин ҳодисаи ба сараш омада ба он хотир огоҳ накардааст, ки модари бемор доштааст. Ба гуфтаи Маҳамадулло модараш бемории фишорбаландӣ доштааст ва зиндони шудани маро тоқати шунидан надошт зеро хуб медонам, ки агар модарам аз ин хабар огох гардад  эҳтимол беморияш авҷгирифта ва о ба марг дучор гардад буд, магўяд мавсуф.

Мавсуф зикр намуд, ки наздиконаш барои кофтукоби ў борҳо чора ҷуста ба РУСИЯ омадаанд, то маро пайдо намоянд вале аз касе зиндон шудани маро хабар наёфта ночор баъди як соли ҷучтуҷуйҳо ба  оҷикистон баргаштаанд.

Маҳмадулло айни ҳол дар озодӣ аст ва ягон рақами телефони дастии наздиконашро намедонад, аз ҳамин сабаб ба мо муроҷиат намуда гуфт, ки волидонашро аз зиндаву саломат буданаш хабар диҳем.

Маҳмаддуло Тағоев ҳоло дар Рубянский-раён зиндагӣ дорад ва ҳамин, ки пули чиптаи ҳавопайморо кор кард парвозкунон ба дидори наздиконаш ба Тоҷикистон бармегардад.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *