Тоҷикистон: Ҷавонони то 18 сола ҳаққи ба дискоклубҳо рафтан надоранд
Вакилони Маҷлиси намояндагон қонунеро тасвиб карданд, ки рафтани ҷавонони то 18-соларо ба марказҳои букмекерӣ, дискоклубҳо ва марказҳои дилхушӣ манъ мекунад.
Маҷлиси намояндагон рӯзи 19-уми апрел ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тағйиру иловаҳои нав ворид кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, гуфтааст, тарҳи тағйироти нав аз сӯи ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гашт ва вакилон аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Султонов гуфт, минбаъд ҳам волидон ва ҳам масъулони марказҳои дилхушӣ, ки шахсони то 18-соларо ҳангоми шаб ба он роҳ медиҳанд, муҷозот хоҳанд шуд.
Ӯ гуфт, тибқи моддаи 4-уми тарҳи нав чунин тағйирот ба қонун ворид карда шуд: «Марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, дискокулбҳо, толорҳои букмекерӣ, марказҳои бозиҳои бурднок тарабхонаҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд, дар ватқи шабона ба чунин марказҳо ҳозир шудани нафарони то 18-соларо манъ намоянд. Волидон аз соати 18:00 то соати 6 саҳар ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ва ё хизматрасониҳои инернетӣ рафтани фарзандони то 18-солаи худро роҳ надиҳанд»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ