Тоҷикистон аз Moody’s баҳои В3 гирифтааст.
Ду ширкати рейтингии байналмилалӣ — Standard and Poors ва Moody’s барои бори аввал рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро баҳогузорӣ кардаанд. Тоҷикистон дар S&PGlobal Ratings баҳои В- ва дар раддабандии Moody’s Investors Service баҳои В3 гирифтааст.
Идораи муносибатҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ду ширкати рейтингии мӯътабар — Standard and Poors ва Moody’s – барои бори аввал рейтинги кредитии соҳибихтиёрии (суверенный кредитный рейтинг) Тоҷикистонро тартиб додаанд.
”Standard and Poors” рӯзи 28 август рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар кӯтоҳмуддат дар дараҷаи «B-, рушди устувор (B-, Outlook Stable)” ва дар дарозмуддат дар дараҷаи В баҳогузорӣ кардааст. Тоҷикистон кишвари 131-уми дунёст, ки шомили раддабандии S&PGlobal Ratings гардид.
”Standard and Poors” (S&P) навиштааст, баҳои устувор интизороти ин ширкатро бар пояи ин омил, ки бори қарзи Тоҷикистон ҳанӯз дар як сатҳи қобили қабул қарор дорад, инъикос мекунад. Аммо S&P меафзояд, ки ин пешбинӣ дар сурати афзоиши камбуди буҷа, бо суръати боз ҳам тундтар ҳаиф шудани пули миллии Тоҷикистон ва коҳиши интиқоли пул аз хориҷ метавонад ба самти манфӣ тағйир дода шавад.
Аммо агар Тоҷикистон битавонад, ки ба рушди қобили мулоҳизаи фарқи байни содироту воридоташ ноил шуда, захираи асъорашро биафзояд, рейтинги кишвар метавонад баракс баландтар биравад. S&P ба сурати умум рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолиро дар солҳои 2017-2020 ба ҳисоби миёна 3,8 дарсад пешбинӣ мекунад.
Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service низ рӯзи 28 август рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи «B3, рушди устувор (B3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд.
Moody’s мегӯяд, чунин рейтинги Тоҷикистон бар асоси дурнамои қобили таваҷҷӯҳи рушди иқтисоди кишвар сохта шудааст. Moody’s мегӯяд, ин рушд бар пояи рушди тавлидоти нерӯи барқ аст, ҳарчанд дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун рискҳое низ мушоҳида мешаванд. Moody’s ҳамзамон ба заиф будани ниҳодҳои молии Тоҷикистон, бахусус бахши заифи бонкӣ таъкид карда, мегӯяд, Душанбе аз самти таҳдидҳои беруна ба далели таносуби байни захираҳои асъору тилояш дар муқоиса бо қарзҳои хориҷии кишвар бештар эҳсоси осебпазирӣ мекунад.
Идораи муносибатҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи рейтингҳои нашршуда мегӯяд: «Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб меравад. Рейтинги кредитӣ – василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат буда, вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи «А”, «В” ва «С” ишора мешавад. Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ