Истаму Анастасия – барандагони Ҷоми президент

Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Сардовари мусобиқа Абдурасул Муҳиддинов иттилоъ додаст, ки дар мусобиқа теннисбозони наврас аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа байни писарон ҷои аввалро Истам Шарифов ва ҷойи дуюмро Хушбахт Каримов (аз Тоҷикистон) ва ҷойи сеюмро Саид Акбаров аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор гардиданд.
Миёни духтарон Анастасия Турсунова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани мақоми аввали мусобиқа сарфароз гардид. Ҷойи дуюмро  Наргис Яҳёева ва ҷойи сеюмро Камила Муллоева сазовор гардиданд.

Ба  ғолибони ҷои аввал (духтарон ва писарон)-и мусобиқаи мазкур   7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ,  барои ҷои якум, дуюм ва сеюми ҷуфти духтарон ва  писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ  мукофот дода шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *