Хусравов ва Боқиев ба чемпионати ҷаҳон рафта натавонистанд

Хушқадам Хусравов ва Сӯҳроб Боқиев, ду ҷудокори шинохтаи тоҷик аз иштирок  дар чемпионати  ҷаҳонии ҷудо, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт ҷараён дорад, маҳрум гаштанд.

Хушқадам Хусравов рӯзи 28 август дар суҳбат далели иштирок накарданашро дар ин мусобиқа аз набудани маблағ арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, муддати се моҳи тобистон барои ширкат дар ин чемпионат омодагӣ медид: “Пул наёфтем, маблағ набуд, ки равем, мо се моҳи тобистон хоб нарафта, саҳару бегоҳ омодагӣ медидем, рӯзи рафтан пул нест, худатон маблағ ёбед, равед гуфтанд. Аз куҷо меёбем худамон? Дар Душанбе омодагӣ дидем, лекин мо бояд пеш аз Чемпионати ҷаҳон дар берун аз кишвар омодагӣ медидем, лекин аз сабаби он, ки маблағ нест берун аз кишвар омодагӣ дида натавонистем”.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар мавриди далели ширкат накардани Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳонии шаҳри Будапешт худдорӣ намуд. Лоиқов дар робита ба иштироки паҳлавони дигар Сӯҳроб Боқиев дар мусобиқаи мазкур гуфт, “Боқиев аз нигоҳи замонӣ каме натавонист, ки дар вақташ корҳоро анҷом диҳад. Ӯ шаш моҳ  машқ кард дар Маскав, дар сафоратхона визаро гирифт, лекин мусобиқаро дарёб намекард, сабабаш ҳамин аст”.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз огоҳони умур мегуянд, ки сабаби аслии дер кардани Суҳроб Боқиев ҳам дар дер пайдо кардани маблағ будааст..

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ин мусобиқа иштироки тақрибан 800 варзишгар (484 мард ва 312 зан) аз 136 кишвари дунё дар назар аст. Ба иттилои ин ниҳод, мусобиқа ҳафт рӯз идома ёфта, варзишгарон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза хоҳанд бурд.

Ба истиснои Хушқадам Хусравов дар вазни 66 кило ва Сӯҳроб Боқиев дар вазни 60 кило, 6 варзишгари дигари тоҷик- Саидмухтор Расулов (дар вазни 73 кило), БеҳрӯзиХоҷазода (дар вазни 73 кило), Садр Боев (дар вазни 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни 90 кило), Саидҷалол Саидов (дар вазни 100 кило) ва Шакармамад Мирмамадов ( дар вазни 100 кило) дар ҳайти дастаи Тоҷикистон барои ҷоизаҳои чемпионати ҷаҳон набард хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *