Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯён

20 нафар омӯзгору донишҷӯйи  кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри тамошои мавзеи таърихии Ќалъаи Ҳисор  сафар карданд. Онҳ0 аз осорхонаи таърихии Ҳисор дидан карда,   бо намунаҳои ҳунарҳои мардумии водии Ҳисор аз наздик шинос гардиданд.

-Ин тадбирро Раёсати донишгоҳамон дар ҷавоби  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардааст, роҳандозӣ менамояд, — гуфт ба хабарнигорамон мудири кафедраи забонҳо Ирода  Турдиаханова. —  Ин сафари дуюми мо ба шумор меравад. Қабл аз ин, ба дараи Ромит сафар намуда, бо табиати зебо ва осоишгоҳи он шино шуда будем. Минбаъд тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ сафари оӯзгорону донишҷӯёни фаъол  ба дараи Вароб дар назар аст. Инҷунин, дар доираи нақшаҳои Раёсти донишгоҳ баргузории озмуни «Табиати Тоҷкистон аз нигоҳи донишҷӯён» амалӣ хоҳад шуд.

Эмом Алӣ

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *