Тоҷикистон ба узвияти ФУГ пазируфта мешавад
15-16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе семинар-конфронси ҷумҳуриявии беморони гемофил бо ҳузури 400 нафар баргузор шуд.
Ба иттиллои раиси ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Тоҷикистон” Наҷиб Азизӣ дар ин вохӯрӣ намояндагони Маркази илмии хуни кишвар ва коршиносони Федератсияи умумиҷаҳони гемофилҳо иштирок намуданд.
Қабл аз ин 16 октябр коршиносони Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Юлиан Геолов ва Юрий Александрович Жулёв бо кору бори шуъбаҳои гемотологияи Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва Маркази илмии хун шинос шуда, дар маҷлисгоҳи Маркази илмии хун бо табибони гемотолог мизи мудаввар оростанд. Онҳоро муовини вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода А.А. ба ҳузур пазируфт.
Наҷиб Азизӣ изҳор намуд, ки зимни мулоқот ва семинар-конфронс масъалаи шомил шудани ТҶ ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо — ФУГ баррасӣ гардид. Ба ин мақсад моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Ассамблеяи Генералии ин ташкилот барпо мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ