Тоҷикистон барои мошинҳои Ӯзбекистон суғуртапулӣ ҷорӣ кард

Тоҷикистон барои вуруди нақлиёти Узбекистон ба қаламраваш суғуртапулӣ ҷорӣ кард.

То кунун танҳо аз ронандаҳои сабукравҳои Тоҷикистон тақозо мешуд, ки мувофиқи муқаррароти кишвари ҳамсоя пеш аз ворид шудан ба Узбекистон ҳудуди 50 доллари амрикоӣ бимаи нақлиётро супоранд.​ Ин пардохт ба ронанда ва мошинаш ҳаққи гузаштан ва ҳаракат дар хоки Узбекистонро фароҳам меовард.Баъди пурра боз шудани марзҳои ду кишвар дар моҳи марти соли ҷорӣ, аз ронандаҳои озими Узбекистон тақозо мешуд, ки пеш аз ворид шудан ба хоки Узбекистон суғурта  супоранд.Ҳаҷми суғуртае, ки Тоҷикистон барои мошинҳои кишвари ҳамсоя ҷорӣ кардааст, вобаста ба навъи мошин аст. Муқаррароти пардохти бима барои нақлиёте, ки аз қаламрави Узбекистон ба Тоҷикистон мешавад, аз рӯзи 11 май дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷорӣ шудааст. Аҳмадҷон Бобоев, сардори шуъбаи назорати гумрукӣ дар раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ кардааст  ва гуфтааст, ки ҳукумат ситонидани маблағи бима аз нақлиёти воридшавандаи Узбекистонро бар дӯши корхонаи “Тоҷиксуғурта” вогузор кардааст.

 

Ҳҳаҷми маблағи суғурта

барои нақлиёти воридшавандаи Узбекистон

сабукравҳо – 461,25 сомонӣ

  • микроавтобусҳо – 553,50 сомонӣ
  • автобусҳо – 615 сомонӣ
  • автомобилҳои боркаш – 768,75 сомонӣ
  • тракторҳои ва мошинҳои дигар – 307,50 сомонӣ
  • дучархаҳо — 215,25 сомонӣ.

Маблағи суғурта аз нақлиёти Узбекистон дар гузаргоҳҳои марзӣ ва барои 1 моҳ як дафъа тақозо мешавад. Барои осон шудани кори ронандаҳои воридшаванда ба Тоҷикистон, кормандони “Тоҷиксуғурта” бевосита дар марзи ду кишвар дафтар боз кардаанд. Дар сурати дучори садама гардидани нақлиёти Узбекистон дар хоки Тоҷикистон, шарту шурути аз рӯи суғурта муқарраршуда ба кор андохта мешавад. Қаблан мақомоти тоҷик мегуфтанд, ки ҳалли мушкили ба таври якҷониба бима кардани нақлиёти воридшавандаро бо ҷониби Узбекистон машварат доранд ва Душанбе дар сурати бекор шудани он аз ҷониби Тошканд, дар ин замина ҳеҷ талаботе ҷорӣ нахоҳад кард. Вале дар сурати бетағйир мондани он ночор аст аз нақлиёти Узбекистон ҳангоми ворид шудан ба қаламрви худ маблағи суғуртаро бигирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *