Дар ҳафтаномаи «Оила»: Арӯсаки ҳисорӣ худашро ба зери поезд партофт

Гулизор қоҳ-қоҳ зада хандид, баъд нописандона ба ман нигаристу писханд зада гуфт: “Аз ту барин шавҳар доштан мурдан сад бор беҳтар аст!

Ман худамро ба таги поезд мепартояму зани ту намешавам!” Ҳамсабақонаш ин гапро шунида қаҳқаҳа заданд. Аз шарм замин накафид, ки дароям. Барқасди ҳамин гапаш дар дил ба худ азм намудам, ки бо кадом роҳе, ки набошад, Гулизорро ба занӣ мегирам.

Баробари аз дар даромадан ба модарам гуфтам, ки тайёриашро дида,  бегоҳ ба хонаи Гулизор хостгорӣ равад. Аввал розӣ нашуд, вале вақте ки дар байни мардум маро шарманда кардани ин духтари мағрурро фаҳмид, зуд холаамро ҷеғ зада аз паси кулчапазӣ шуд.

Хуллас, ҳамон бегоҳ онҳо ба хонаи падари Гулизор хостгорӣ рафтанд ва намедонам чӣ гуфта дили волидони духтарро ёфтанд, ки дарҳол розӣ шуда, сафедӣ даронданд. Саҳар тасодуфан дар кӯча бо Гулизор рӯ ба ӯ шудам. Чашмонаш аз гиря варам карда буданд. Вай бо нафрат ба ман нигариста гуфт: “Гуфтам, ки ман ба ту намерасам, барои чӣ ба хонаи мо хостгор фиристодӣ? Ягон зарра нангу номус дорӣ ё не? Мурданӣ ту барин мард беҳтар аст! Дониста мон, сад бор фотиҳа шавад ҳам, ман ҳаргиз зани ту намешавам. Падару модарам, агар маро маҷбур кунанд, худамро мекушам…..

Дар ҳақиқат домод аз арӯс қасд мегирад?
Рост аст, ки тӯйи онҳо бо ҷангу ҷидол анҷом меёбад?
Дар ҳақиқат домод арӯсро мекушад ё…

Мехоҳед идомаи саргузашти ин домоду арӯси бадбахтро донед, пас ҳафтаномаи «Оила»-ро дастрас намуда, онро мутолиа намоед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *