Тоҷикистон: Боҷи гумрук кам мешавад
Порлумони Тоҷикистон баррасии тарҳи тағйирот ба будҷаи соли ҷориро оғоз кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ин пешниҳоди ҳукумати кишвар баррасӣ шуда, барои «хулосабарорӣ» ба кумитаҳо фиристода шудааст. Ба иттилои ҷаноби Султонов, «ин пешниҳод коҳиш додани 50 дарсадии ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои ворид кардани мошинҳои нави сохташ то як сол ва масофаи тайнамудааш то 10 ҳазор километрро дар назар дорад».
Дар оғози соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми худ ба порлумон супориш дода буд, ки ҳаҷми боҷӣ гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав 50 дарсад кам карда шавад, зеро ин амр барои беҳбуди вазъи муҳити зист ва таъмини амнияти мусофирон ва ронандаҳо таъсири мусбат мерасонад. Аммо бархе аз тоҷирони мошин интизор доштанд, ки чунин муқаррарот барои мошинҳои тавлидашон то се сол роҳандозӣ мешавад. Гузашта аз ин, бархе аз соҳибназарон иддао доштанд, ки чунин пешниҳод ба манзури воридоти мошинҳои сабукрави сохти Ӯзбакистон ироа шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ