Тоҷикистон: Чораҳо барои пешгирӣ аз афзоиши таваллуд

Ба манзури танзими оила Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кардааст.

Барномаи сесолаи давлатии солимии репродуктивӣ, ба гуфтаи мақомот, барои беҳтар кардани рафтори ҷинсӣ ва солимии занону модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон равона шудааст.

 Тибқи ин барнома тақсими ройгони рифола аз ҷумлаи чораҳое унвон шудааст, имкон медиҳад солона дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор таваллуд ҷилавгирӣ шавад.

Дар барнома ҳамчунин омадааст, ки занони қобили таваллуд, ки аз 15 то 49-сола ҳастанд, 26 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва сиҳатии онҳо барои ҷомеа фавқуллода муҳим аст.

Ҳадафҳои аслии барнома ба гуфтаи муаллифонаш ҳифзи саломатии репродуктивии аҳолӣ ва паст кардани фавти модарон аст ва ҳамингуна беҳтар кардани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ. Дар барнома пешбинӣ шудааст, ки агар истифодаи василаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб зиёд шавад, мумкин аст, аз марги 5 то 7 модар ҷилавгирӣ кунанд. Барнома аз ҳисоби буҷаи давлат ва ҳамчунин кӯмакҳои кишварҳои дигар амалӣ мешавад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва солона аҳолии он то 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад, вале дар хонаводаҳои мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шумора “атои Худо” ва исқоти ҳамлу пешгирӣ аз онро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *