Хуршед ҳам баробари модар намешавад

Навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Милоди оина», «Сафедор», «Дар сояи борон» ба нашр расидаанд. Маҷмӯаҳои «Сад барги ғазал»-и Салими Теҳронӣ, «Сад ғазал»-и Урфии Шерозӣ «Сад ғазал»-и Қудсии Машҳадӣ ва «Сини Салом»-и Фарзонаро мунтахаб намуда, ба нашр расонид.

Насимбек Қурбонзода 24-уми феврали соли 1991 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Cоли 2013 факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро хатм намуд.

Дар ҳамин сол ба магистратураи ин донишгоҳ шомил шуда, онро соли 2015 ба итмом расонид. Айни ҳол дар докторантураи (PhD) — и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил намуда, перомуни «Хусусиятҳои бадеӣ ва мавзӯии ашъори Салими Теҳронӣ» кори илмӣ мебарад.

Навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Милоди оина», «Сафедор», «Дар сояи борон» ба нашр расидаанд. Маҷмӯаҳои  «Сад барги ғазал»-и Салими Теҳронӣ, «Сад ғазал»-и Урфии Шерозӣ «Сад  ғазал»-и Қудсии Машҳадӣ ва «Сини Салом»-и Фарзонаро мунтахаб намуда, ба нашр расонид. Узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон аст.

Тақлид

Бе ёди дӯст сина муаттар намешавад

Борон агар набуд, замин тар намешавад.

Бо ӯ мунаввар аст шабу рӯзи зиндагӣ,

Хуршед ҳам баробари модар намешавад!

Чун об роҳ ҷуста ба дарё расидаем,

Раҳрав мутеи сарвару минбар намешавад.

Дилбурданист дигару дилпарварӣ дигар,

Ҳар кас диле рабудаву дилбар намешавад.

Ишқи ман, эй Ватан, зи барои ту буду ҳаст,

Чун меҳри модар аст, ки охар намешавад.

Тақлидро ба назди ҳақиқат маҷол нест,

«Ҳар к- ӯ Муҳаммад аст паямбар намешавад «

Мардони мард

Дар роҳи каҳкашон будагон кибриёиянд,

То аз гузаргаҳанд, зи хатти ҳавоиянд.

Як офтоб монда кунун шарқии асил,

Афсӯси дигарон ҳамагӣ аврупоиянд.

Гул дар тамомм шаҳру навоҳӣ гул аст, гул,

Булбул нагуфтааст, ки гулҳо куҷоиянд.

Оҳанги ҷонгудоз ба нои шикаста нест,

Ҷое наво мапурс агар бенавоиянд.

Асри атом асри мурувват набудааст,

Мардони мард дар садаи ибтидоиянд.

«2» + «2»

Бача будему муаллим, мактаб,

Боз дармонда  шудам, фанни ҳисоб.

Рақами «ду» ки шавад бар «ду» ҷамъ,

Чанд ҳосил бишавад зуд биёб.

Ҳама дар баҳри ҷавобе кӯшанд,

Ба нигаҳ кардани ангушти қатор.

Ҳама бо доду ғиреве гӯянд,

«Ду», муаллим, бишавад бар «ду» чор.

Бачагӣ рафт, ту ҳам бигзаштӣ,

Ҳолиё сифр зи сад ҳам болост.

Он чӣ буд рост суханҳои ту буд,

Он чӣ имрӯз бимонд рост, Худост.

Ҳеҷ сомон напазируфт дилам.

Гарчи бо сифр мурувват кардам.

Ба куҷоӣ ту, муаллим, боз о,

Ба туву «чор»-и ту одат кардам.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *