Хӯҷа-Командир дар Дубай боздошт шуд

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи корӣ ба раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ рӯзи 5 август озими Дубай шудааст.

Миёни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҳокимшо Назарзода, як масъули Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 14 август ба Tajikistan Times гуфт, ки Хӯҷа-Командир рӯзи 30 июл аз ҷониби пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб бар асоси рӯйхати Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Хӯҷа-Командир аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД, феълан гурӯҳи кории Тоҷикистон бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб масъалаи истирдоди Хӯҷа-Командирро баррасӣ мекунад.

Хӯҷа Каримов ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар ғоратгарӣ, бандитизм, гаравгонгирӣ ва одамкушӣ, аз ҷумла дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон Саидшо Шоев бо бародараш ва Тағай Шукуров айбдор мешавад.

Хӯҷа-Командир моҳи ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда буд. Боздошти Хӯҷа-командир дар ҷомеа ба ҳадде таъсиргузор буд, аксарияти фармондеҳони вақти Фронти халқӣ саросемавор пойтхатро тарк карданд. Вале вай ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде баъд ғайб зад. Хӯҷа Каримов аз ангуштшумор фармондеҳони Фронти халқист, ки аз ҷазо раҳида ва миллионҳо доллари дуздидаи худро ба хориҷа бурдаву то ҳанӯз боздошт нашуда буд.

Тафсилоти мавзӯъ дар нашрияи “Тоҷикистон” нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

22 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *