Тоҷикистон: Дастнорас гаштани интернет дар шимоли кишвар
Бархе аз муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз зуҳри 15-уми август дастрасӣ ба Интернет якбора маҳдуд шуд. Намояндагони баъзе ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карданд.
Як намояндаи ширкати “Интерком” гуфтааст, ки ин вазъ дар пайи садамаи истгоҳ ё ноқилҳои интернетгузар дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт, “ба ин далел дар шимоли кишвар тақрибан интернет нест. Дар маркази Тоҷикистон ва минтақаҳои дигар муштариёни баъзе ширкатҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доранд.”
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло муштариёни ширкатҳои Интерком ва Телеком Технолоҷӣ куллан ба интернет дастрасӣ надоранд. Бино ба қавли муштариёни Бабилон, Мегафон ва Тселл онҳо дар ҳоли ҳозир ба Интернет дастрасӣ доранд, аммо суръати интернет хеле заиф шудааст.
Тоҷикистон интернетро асосан аз Қирғизистону Чин мегирад. Ҳафтаи гузашта ширкати “Қирғизтелеком” эълон карда буд, ки ширкатҳои “Телеком Технолоҷӣ” ва “Сатурн Онлайн” аз онҳо 1 миллиону 349 ҳазор доллар қарздор ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ