Русия: Марги 342 муҳоҷири тоҷик дар як сол

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯйхати 342 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз августи соли 2016 то феврали 2017, яъне дар байни ҳамагӣ ним сол ва танҳо дар шаҳру вилояти Маскав ба далелҳои гуногун вафот кардаанд, нашр кард.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯйхати 342 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон, дар шаҳру вилояти Маскав аз олам чашм пӯшидаанд, нашр кард. Ин афрод аз августи соли 2016 то феврали соли 2017, яъне дар байни ҳамагӣ ним сол дар мусофират ҷон супурдаанд.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар шарҳи ин рӯйхат навишт, «ба падарону модарон, ҳамсарону фарзандон, наздикон ва тамоми мардуми Тоҷикистон, ки дар ин ҷабҳаи корӣ беҳтарин писарону духтарони худро аз даст медиҳад, изҳори таслият мекунам. Инҳо касонеанд, ки дур аз Ватан, ба таҳқиру паст заданҳо ва азобу машаққат тоқат карда, ба хотири мавҷудияти хонаводаҳои худ заҳмат мекашиданд.”

Каромат Шарипов омори муҳоҷирони ҳалокшуда дар шаҳру вилояти Маскавро танҳо як қатра аз дарёи ашку мусибати мардуми Тоҷикистон номида гуфтааст, ин рӯйхат танҳо он муҳоҷирони дар Русия вафоткардаро дар бар мегирад, ки ҷанозаҳояшон тавассути идораҳои гӯручӯб ва бо ширкати намояндагони Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода шудаанд: «Аммо инки боз ҷанозаҳои ҷанд шаҳрванди Тоҷикистон дар хоки Русия мондаанд, фақат Аллоҳ медонад. 20 сол боз беҳтаринҳои мо аз дунё мераванд – ҳама ҷавон, ҳама қобили кор, ҳама онҳое ки мебоист боз зиндагӣ мекарданду зиндагӣ мекарданд…”

Бино ба омори расмӣ, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд ва ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯз то 3 муҳоҷири тоҷик дар Русия ба зиндагии худ нуқта мегузорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *