Тоҷикистон: Домоду арӯси ноболиғ ва падару модари онҳо ҷазо гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Ёвон У.С. Шариповро ба 140 соати корҳои ҳатмӣ ва падару модар ва хушдомани ӯро ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба издивоҷи фарзандони ноболиғи худ иҷозат додаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон, Шарипов У.С. ва Раҳимова Н.У. моҳи октябри соли 2016 вақте издивоҷ карданд, ки домод 17 ва арӯси ӯ 16 сол доштаанд. Қарори маълум, ин издивоҷ бо никоҳи мусалмонӣ, бидуни сабт дар идораи ЗАГС (САҲШ) сурат гирифтааст, чунки қонунҳои Тоҷикистон издивоҷи нафарони то синни 18-ро иҷозат намедиҳад.

Додситонии ноҳияи Ёвон аз ин қазия хабардор шуда, 23 июни соли равон ба зидди падару модари домод – Шарипов С.Ф. ва Абдуллоева Д.Р. ва хушдомани ӯ – Саъдиева Н.В. бар асоси моддаи 168-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида) ва ба зидди худи домод Шарипов У.С. бар асоси моддаи 169 (Бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Додгоҳи ноҳияи Ёврон ин парвандаро рӯзи 31 июл барои муҳокима қабул карда ва алакай рӯзи 23 август муҳокимаи ин парвандаро анҷом дод. Додгоҳ ба хулосае расидааст, ки «Шарипов С.Ф. бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсараш Абдуллоева Д.Р. мусоидат карда, дидаву дониста, ки писарашон Шарипов У.С. соли таваллудаш 2 маӣи 1999 ноболиғ мебошад бо ноболиғ Раҳимова Н.У. соли таваллудаш 21 феврали 2000 ҳануз ба синни никоҳи нарасидааст, бе қаӣди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон моҳи октябри соли 2016 онҳоро никоҳи мусулмонӣ намуда оиладор намудаанд.

Додгоҳ ҳамчунин модари арӯс Н.В.Саъдиеваро ба он гунаҳкор шинохт, ки «дидаву дониста, ки духтараш Раҳимова Н.У. ноболиғ буда соли таваллудаш 21 феврали 2000, мебошад ва ҳаннӯз ба синни никоҳи нарасидааст, далолат ва мусоидат намудааст то духтараш ба шаҳрванд Шарипов У.С. ба шавҳар барояд.

Ҳамин тавр, додгоҳ домод У.С.Шариповро низ гунаҳкор шинохт ва гуфт, ки ӯ «дидаву дониста, ки Раҳимова Н.У. ноболиғ буда, соли таваллудаш 21 феврали 2000, буда ҳаннӯз ба синни никоҳи нарасидааст, бо ӯ акти никоҳи мусулмонӣ намуда оила барпо намудааст.”

Бо ҳукми додгоҳи Ёвон падару модари домод – Шарипов С.Ф. ва Абдуллоева Д.Р. ва хушдомани ӯ – Саъдиева Н.В. бар асоси моддаи 168-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида) ба як соли корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 20 фоизи муздашон маҳкум шуданд. Барои домоди бечора – Шарипов У.С. – 140 соат корҳои ҳатмӣ ҳамчун муҷозот таъйин шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон даҳсолаҳост, ки бо никоҳҳои бармаҳал мубориза мебаранд. Қонунгузории Тоҷикистон никоҳи афроди то синни 18-ро манъ ва барои чунин никоҳҳои бармаҳал дар Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷиноӣ таъйин кардааст.

Моддаи 168. Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида

Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ў тобеи онҳо мебошад, хамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан,-

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то паҷсол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 169. Бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст

Бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоё бо корҳои ислоҳӣба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то паҷ сол ҷазо дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *