Нахустмашъалбардори Олимпиада-2018

Собиқ футболбози дастаи «Манчестер Юнайтед”-и Англия ва дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Корея Пак Ҷи Сун аввалин машъалбардори оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчон хоҳад буд.

Пак Ҷи Сун эстафетаро дар ҳудуди Юнон, ки 24 октябр дар шаҳраки Олимп баъд аз маросими анъанавӣ оғоз мегардад, шурӯъ мекунад. Собиқ футболбози дигари Корея Чха Бом Гин ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016, шамшерзан Пак Сан Ен низ ҳамчун машъалбардор ширкат мекунанд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Корея эстафетаи оташи олимпӣ 1 ноябр – 100 рӯз қабл аз маросими кушодашавии бозиҳо оғоз мешавад. Масири эстафета, ки дар он 7,5 ҳазор нафар машъалбардор ширкат менамоянд, 2018 километрро ташкил медиҳад. Эстафетаи оташи олимпӣ аз 17 шаҳру рустои ин кишвар мегузарад.

Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 аз 9 то 25 феврал дар шаҳри Пхенчони Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад.

Қайиқронӣ: 5 варзишгар Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё намояндагӣ мекунанд

15-18 октябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ баргузор мегардад. Дар он варзишгарони беш аз 27 давлати қора ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *