Тоҷикистон: Манъи воридоти тухм
Тоҷикистон ба таври муваққат воридоти тухм аз хориҷи кишварро манъ кард. Ин дар ҳолест, ки дар пайи содда шудани шароити убури марз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар як моҳи ахир, воридоти тухм аз ин ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфта ва қимати ин маҳсулот дар бозорҳои Душанбе ва манотиқи атроф поён рафта буд.
Як мақом дар Оҷонсии «Тоҷикстандарт» рӯзи 11-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи чанд вақти ахир аз паст будани сифати тухми воридотӣ шикоятҳо дарёфт карданд ва бинобар ҳамин, воридоти тухми мурғро ба кишвар ба таври муваққатӣ манъ намуданд.
Ба қавли ин масъули «Тоҷикстандарт», ҳоло маълум нест, ки воридоти тухм аз хориҷ кай аз сар гирифта мешавад. «Ҳоло санҷиши сифати тухмҳои воридотӣ идома дорад ва бояд дақиқ кунем, ки тухми аз хориҷ омада то куҷо ба талабот ҷавобгӯ аст. Танҳо баъд аз анҷоми ташхис маълум хоҳад шуд, ки воридоти тухм иҷозат дода мешавад ё на»,-афзуд ин мақоми «Тоҷикстандарт».
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонсии «Тоҷикстандарт» тасдиқ кард, ки дар як моҳи ахир воридоти тухми мурғ аз хориҷи кишвар хеле зиёд шудааст. Ин афзоиш ба қавли ин масъули «Тоҷикстандарт», аз ҳисоби тухми Узбекистон мебошад.
Ин тасмими мақомоти тоҷик рӯзи душанбеи 9-уми апрел гирифта шудааст ва давоми ду рӯзи ахир воридоти тухм тариқи гузаргоҳҳои марзӣ манъ будааст. Рӯзи 11-уми апрел дар чанд гузаргоҳҳои марзӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки гузаронидани тухмро иҷозат намедиҳанд. Аз ҷумла, дар гузаргоҳи марзии Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо сабаби гармии ҳаво мутахассисон муваққатан воридоти тухми узбекиро манъ карданд.
«На тамға дорад на санаи истеҳсол»
Тоҷикистон воридоти тухми мурғро дар ҳоле муваққатан манъ мекунад, ки мутахассисон мегӯянд, тухми хориҷӣ ба чандин талаботҳо ҷавобгӯ нест. Ҷаъфар Ҳукуматуллозода, сардори Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокаворӣ ва кишоварзӣ мегӯяд, камбуди асосии тухми воридотӣ ин надоштани тамға ва санаи истеҳсол мебошад.
Ба қавли ҷаноби Ҳукуматуллозода, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, бояд ҳамаи маҳсулотҳои хӯрока тамғагузорӣ шавад. Талаботе, ки ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, на дар ҳамаи тухмҳои воридотӣ риоя мешавад.
«Тамғагузорӣ на дар борҷома ва на дар танаи тухм нест. Ҳол онки мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳам дар танаи тухм ва ҳам дар баста (коропка) санаи бастабандӣ ва мӯҳлати истеъмол бояд дарҷ гардида бошад. Ба қарибӣ барои мо аз маркази савдо тухм оварданд, ки дар тухм ягон номнавис нест»,-афзуд Ҷаъфар Ҳукуматуллозода.
Сардори Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокаворӣ ва кишоварзӣ ҳамчунин мегӯяд, дар баъзе аз тухмҳои воридотӣ ҳатто суроғаи ҳуқуқии истеҳсолкунанда ҷой дода нашудааст.
«Маҳдудият қиммати тухмро дубора гарон мекунад»
То як моҳи пеш қимати як баста тухми мурғ дар бозорҳои Душанбе то ба 27 сомонӣ мерасид. Вале баъди пайи содда шудани шароити убури марз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, воридоти ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон афзоиш ёфт ва сокинон дар Душанбе як баста тухмро бо қимати 16-17 сомонӣ мехариданд.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ