Тоҷикистон: Ифтитоҳи 5 мактаби русӣ

Дар зудтарин фурсат миёни Тоҷикистон ва Русия созишнома дар бораи ифтитоҳи боз 5 мактаби таҳсилаш ба забони русӣ имзо мешавад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия, чунин тавофуқ дар дидори ахири вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми апрел ба даст омадааст.

Манбаъ афзудааст, ки феълан дар Тоҷикистон 7 мактаби таҳсилаш ба забони русӣ фаъол аст ва таҷрибаи фиристодани муаллимони забони русӣ аз минтақаҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон собит кардааст, ки талабот ба омӯзиш ба забони русӣ зиёд будааст.

Ба ин далел, вазорати корҳои хориҷаи Русия афзудааст, ки чунин таҷриба дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Гуфта шудааст, ки феълан ҳудуди 15 ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва 7 ҳазор донишҷӯ дар бахши донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *