Тоҷикистон: Мехро бе шиноснома намефурӯшанд
Фурӯши баъзе анвои маҳсулотҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон бидуни шиноснома ва сабти ному насабу суроға манъ шудааст. Мақомот мегӯянд, ин тасмим бо ҳадафи пешгирӣ аз вуқӯи ҳодисаҳои террористӣ дар кишвар ва бар асоси як дастури вазорати умури дохилии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Фурӯшандагони масолеҳи сохтмонӣ мегӯянд, шарту шурути ин дастур тахминан ду моҳ беш ба онҳо шарҳ дода шуд ва ҳамакнун ба ҳангоми фурӯши маҳсулоти мисли карбит, мех ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ному насаби харидор ва рақами телефони ӯ сабт мешавад. Дар бозори “Варзоб”-и Душанбе ин дастур ҳамаҷониба риоя мешавад.
“Маҳсулотамон дар дӯкон хоб аст, мо шиноснома мепурсем”
Нарзуллоҳ Холиқов дар бозори «Варзоб»-и шаҳри Душанбе ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул аст. Чанд моҳи ахир ӯ аз муштариёнаш, ки мехоҳанд карбит ва мех харидорӣ кунанд, ҳуҷҷат мепурсад. Нарзуллоҳ мегӯяд, давоми 10 соли соҳибкориаш ин кор барояш нав аст ва маҷбур аст, ки дастури полисро иҷро кунад.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ӯ ба муштариёне ҳам, ки аз рустоҳои дур барои гирифтани мех меоянд ва бо худ шиноснома надоранд, маҷбур аст маҳсулот нафурӯшад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ба ҳоли ин нафарон дилаш месӯзад, вале ӯ дигар чорае надорад. Нарзуллоҳ мегӯяд, на ҳамаи харидорон ба ин тасмим розианд ва ҳозиранд маълумотҳои шахсии худро дар ихтиёри фурӯшандаҳо гузоранд.
“Як гурӯҳ аз харидорон намехоҳанд, ки рақами телефонашонро ба мо бидиҳанд. Агар маълумоташро надиҳад, мо низ ба ӯ маҳсулот намефурӯшем. Танҳо баъди овардани шиноснома ба ӯ маҳсулот фурӯхта мешавад. Ба мо аз боло гуфтанд, ки касе мех ё карбит харидорӣ кунад, ӯро қайд кунед. Мо танҳо фармонро иҷро мекунем”,-афзуд ин соҳибкори тоҷик.
Барои ба қайд гирифтани муштариёнаш Нарзуллоҳ Холиқов дафтари алоҳида ташкил кардааст ва ҳамарӯза ба он исме афзуда мешавад. Дафтари ӯ аз ҷониби нозирони минтақавӣ муҳргузорӣ ва дӯхтаву қайд шудааст. Он 78 варақ дорад. Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, ҳар сари чанд вақт аз мақомоти корҳои дохилӣ нозирони минтақавӣ махсус омада, дафтарро тафтиш мекунанд. Аз ҷониби дигар, Нарзуллоҳ Холиқов мегӯяд, аз шеваи нави кор на он қадар хурсанд аст, зеро мушоҳида мекунанд, ки чигуна муштариёни бидуни шиноснома бе маҳсулот аз дӯкони ӯ хориҷ мераванд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи худаш “маҳсулоти овардааш ғарам-ғарам хоб аст.”
“Мумкин аст ман ҷавобгар шавам”
Дафтари бақайдгирии харидорони Наҷмиддин Мақсудов, як соҳибкори дигар ва фурӯшандаи мағозаи вижаи масолеҳи сохтмонӣ дар беруни бозори «Варзоб» аллакай пур шудааст ва ӯ барои сабти номи муштариёнаш дафтари дуввумро боз кардааст. Наҷмиддин дар ин дафтар ному насаби харидор, суроға, аз кадом маҳсулот чӣ қадар харидорӣ карданаш ва ҳам рақами телефонашро қайд мекунад. Аммо ба фарқ аз дигар ҳамкоронаш, Наҷмиддин Мақсудов дигар таҷрибаро пеш гирифтааст.
“Вақте ба мо суроға ва рақами телефонашро медиҳад, мо онро менависам ва пеш аз фурӯхтан ба ӯ занг мезанем. Мебинем, агар занг рафт, пас ин телефони ҳақиқии ӯ аст ва баъд ба ӯ маҳсулот мефурӯшем. Ман ҳамаи харидоронро намешиносам. Аз куҷо медонам, ки бо кадом мақсад маҳсулот мехарад? Мумкин аст барои дигар чиз истифода барад, пас ҷавобашро мо медиҳем?”
Масъулини бозори «Варзоб» мегӯянд, исм ва суроғаи харидорони маҳсулоти сохтмонӣ новобаста аз ҳаҷми маҳсулот ба қайд гирифта мешаванд. Аз ҷумла Давлатмурод Ҳамидов, роҳбари ин бозор мегӯяд, “харидор агар 100 грам ва ё 10 кг ҳам харидорӣ кунад исмаш сабт мешавад.”
Вазорати умури дохилӣ: дастур ба хотири пешгирӣ аз терроризм аст
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дастури нав ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани ҷиноятҳои хусусияти терористидошта гирифта шудааст. Як мақоми масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки гуфт, ҳаққи сӯҳбат бо матбуотро надорад, вале вуҷуди дастури вижа дар ин заминаро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ин мақоми масъул рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастури бақайдигирии харидорони маҳсулотҳои сохтмонӣ ба хотири пешгирии кирдорҳои ҷинояткорона гирифта шудааст.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, “баъзе ашхосҳое ҳастанд, ки ниятҳои нопок доранд. Мақсади асосӣ барои бехатарӣ аст. Мех, винт ва дигар маҳсулоти ба он монандро барои маводи тарканда истифода мекарданд. Пештар кӯдакон бо карбит бозӣ мекарданд. Мо дастур додем, ки ҳушёр бошед.”
Ин масъул таърихи дақиқи содир шудани дастурро нагуфт, вале гуфт, ки аз замони татбиқ шудани ин санад тахминан ду-се моҳ мегузарад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фурӯшандагони масолеҳи сохтмонӣ гуфтанд, ки ходимони вазорат ва пулис тахминан нимаҳои моҳи сентябр онҳоро ҷамъ ва бо онҳо ҷаласа ташкил карда, ҳадаф ва вазифаҳои ин дастурро шарҳ доданд.
Вале мақомоти вазорат нагуфтанд, ки бар асоси кадом қонун чунин дастур қабул ва роҳандозӣ мешавад. Саволи дигар ин аст, ки то куҷо тоҷирони оддӣ дар фурӯшгоҳҳо ҳақ доранд ба маълумоти хусусии шаҳрвандон, назири ному насаб ва телефони хусусии шаҳрвандон дастрасӣ дошта бошанд ва оё ин маълумот аз ҷониби тоҷирон ва афроди сеюм бо ҳадафҳои ҷиноӣ истифода нашавад? Феълан мақомоти ҳифзи қонун дар Тоҷикистон ба ин саволҳо посух намедиҳанд.
“Дардисари нав барои харидорон”
Аз дастури нав оиди бақайдгирии ҳуввияти харидорон ва ҳам дар ҷараёни полис гузоштани ин маълумот шумори андаке аз харидорон пуштибонӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, мисли ин, ки пеш аз савори ҳавопаймо шудан бори мусофирон бо далелҳои амниятӣ санҷида мешавад, ин тасмим ҳам дар ниҳоят ба хотири таъмини бехатарии мардум ва ҷилавгирӣ аз фоҷеаҳои эҳтимолӣ аст. Вале шумори зиёди харидорони дигар аз ин тасмим норозӣ ва асабонианд. Онҳо дастури бақайдгирии маҳсулотҳои сохтмониро “дарди сари нав” меноманд.
Мақсуд Хоҷаев, як сокини ноҳияи Айнӣ, ки ба шаҳри Душанбе барои харидории маҳсулоти сохтмонӣ омадааст, мегӯяд, ин сафар маҷбур аст ба мазил бо дасти холӣ баргардад. Хоҷаев афзуд, ӯ ҳам тарафдори оромӣ аст, вале ҳаддиақал ин дастур тариқи телевизион пахш нашуд, то онҳо хабардор шаванд.
Ин сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳоло барояш ду роҳ мондааст — ё бидуни маҳсулоти зарурӣ ба деҳа баргардад ва ё бо шиносномаи ягон нафар аз наздиконаш маҳсулот мехарад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Мақсуд Хоҷаев на ҳама розианд, ки бо номи онҳо аз мағоза миқдори зиёди мех харидорӣ шавад.
“Сохтани бомба ҳоло чизи оддӣ шудааст”
Дар ҳамин таҳлилгарон мегӯянд, бо чанд омил Тоҷикистон бояд дар муқобили хатарҳои тероризм тасмимҳои ба ин монандро рӯи даст бигирад. Маҳдӣ Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, бо дастрасӣ ба интернет, ҳоло омӯзиши роҳҳои сохтани маводҳои тарканда зиёд шудааст.
Инчунин ба қавли ҷаноби Собир, “баъд аз он, ки гурӯҳи ДОИШ дар Ховари Миёна саркӯб гардид, онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо ҳастанд ва онҳо ҷойи пойи нав мекобанд. Ин нафарон мактабҳои махсусро гузаштагӣ ҳастанд ва ҳама чиро медонанд. Сохтани бомба ҳоло чизи оддӣ шудааст ва садҳо кас онро медонанд, барои ҳамин фақат ин бояд зери назорат гирифта шавад.”
“Аз газу кислодор ба меху карбит”
Ҳарчанд дар Тоҷикистон савдои хӯрок ва масолеҳи сохтмонӣ бар асоси қоидаҳои иқтисоди бозаргонӣ озод аст, аммо дар гузашта ҳам мақомот фурӯши баъзе аз маҳсулоти дигарро низ танҳо баъди сабти ном иҷоза дода буданд.
Аз ҷумла соли гузашта нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз аксари соҳибони нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва кислород хоста буданд, ки пеш аз фурӯхтани газ дар балонҳои алоҳида ному насаб ва макони истиқоматии муштариро дар дафтари алоҳида сабт кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли пеш аз панҷ талоши пиёдасозии амали террористӣ дар қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, тарҳрезони ин амалҳо ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” буданд, ки мехостанд бо истифода аз балонҳои газ ва кислород, чанд бинои маъмурӣ, бо шумули бинои пулисро, битарконанд.
Зоҳиран номнависии харидорони гази моеъ, кислород ва ҳамакнун меху карбит дар Тоҷикистон яке аз роҳҳои дигар аст, ки дар сурати вуқӯи ҳодисае пулис афроди шубҳанокро дар қадами аввал тафтиш кунад.
То се соли пеш беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Дар дохили кишвар низ ҳамасола даҳҳо тан бо гумони узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт мешаванд, ки ба гуфтаи мақомот дар сар андешаи тахрибкорӣ доранд.
Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои тахрибкорӣ ва суботу оромӣ аз ҳар гуна шеваҳои қонунӣ кор хоҳанд гирифт.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ