Филм аз рӯйи китоби президент ва ҷалби иҷбории кормандони муасисаҳои давлатӣ

Дар шаҳри Дашоғузи Туркманистон аз рӯи китоби президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов филм таҳия мекунанд. Тавре расонаҳо менависанд, кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои таҳияи ин филми бадеӣ ҷалб шудаанд. Таҳияи филми «Туркманистон — қалби Роҳи Абрешими бузург» аз ду ҳафта инҷониб идома дорад.

Мақомоти маҳаллӣ ва таҳиягарони филм кормандони муассисаҳои давлатиро дар Дашоғуз иҷборан ба саҳнаҳои филмбардорӣ даъват мекунанд. «Одамон тамоми рӯз дар ҳавои сард дар кӯча меистанд. Баъзан садҳо километрро иҷборан тай мекунанд ва барои таҳияи филм саҳна месозанд», — хабар медиҳад як манбаъ аз Дашоғуз.

«Наздики сад юрт ё чодар ва қариб 50 шутур оро дода шудааст. Коргарони соҳаҳои буҷавии се ноҳия — Болдумсаз, Губадаг, Сафармурод Туркманбошӣ ҳамаи кори сиёҳро анҷом медиҳанд, барф мерӯбанд, майдонҳоро тоза мекунанд ва юртҳоро мегузоранд», — мегӯяд як омӯзгор аз Дашоғуз.

Китоби президент Бердимуҳаммадов «Туркманистон — қалби Роҳи Абрешими бузург» моҳи октябри соли ҷорӣ муаррифӣ шуд. Танҳо дар соли 2017 Бердимуҳаммадов 7 китоб навишт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *