Тоҷикистон: нафақахӯрони ҷавон роҳкирои нақлиётиро пардохт мекунанд
Айни замон бино ба маълумоти расмии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе, аз санаи 1 апрели соли 2018 дар пойтахт 53 ҳазору 962 нафар нафақахӯрон кору зиндагӣ мекунанд, ки 14 ҳазору 882 нафари онҳо — маъюбон, 2558 нафар — маъюб аз кӯдакӣ буда, шумори нафақахӯрони синни аз 75-сола боло (то соли 1943 таваллудшуда) 8 ҳазору 502 нафарро ташкил медиҳад.
Равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, аз ҷумла маршруткаҳо барои шахсони синни аз 75-сола боло аз охири соли гузашта бепул шуд.Қаблан барои нафақахӯрон ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобус ва тролейбусҳо) имтиёз амал мекард, акнун баъди ҷорӣ шудани кортҳои электронии нақлиётӣ онҳо аз ин имтиёз маҳрум шуданд.
Бино ба маълумоти дар ин робита иттилоъ додашуда, имтиёзҳо танҳо барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло амал дошта, наздики 100 ҳазор нафақахӯрони пойтахт собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд ва барои бо кортҳои имтиёзноки нақлиётӣ таъмин кардани онҳо ҳудуди 20 млн. сомонӣ маблағ лозим буда, буҷети шаҳр алҳол чунин имкон надорад.
Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт изҳор намуданд, ки ба нафақахӯрон, маъюбон ва дигар шахсоне, ки барои онҳо ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз пешбинӣ шудааст, дар шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар чор ноҳияи шаҳр кортҳои махсус дода мешавад, ки тариқи он онҳо аз имтиёзашон дар нақлиёти ҷамъиятӣ (ба ҷуз такси) истифода карда метавонанд ва ин танҳо ба сокинони пойтахт дахл дорад.
Айни замон ба ҷуз нафақахӯрони синни аз 75-сола боло, аз имтиёзи равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт боз 13 гурӯҳи шаҳрвандон истифода карда метавонанд:
— иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар қисмҳои ҳарбии шомили артиши амалкунанда адои хизмат кардаанд;
— иштирокчиёни амалиёти ҷангии баробаршуда бо давраи ҶБВ;
— шахсоне, ки дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои Ленинград дар давраи муҳосира аз 08.09.1941 сол то 27.01.1944 сол кор кардаанд;
— маъюбони амалиёти ҷангӣ, маъюбон, ки дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои хизматӣ маъюбӣ гирифтаанд;
— собиқадорони амалиёти ҷангӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар ҶТ;
— маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки аз ҷониби фашистон ташкил карда шудаанд;
— заҳматкашони ақибгоҳ;
— маъюбони ҶБВ;
— маъюбони аз кӯдакӣ то 18-сола;
— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм;
— шаҳрвандоне, ки давоми солҳои 1986-1987 дар бартараф кардани оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил иштирок кардаанд;
— собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ