Дар шумораи навбатии «Оила» мутолиа намоед

Зани тоҷик ғуломи араб шуд

-Ман Парвина Саидова, сокини шаҳри Ваҳдат муддати як сол шуд, ки дар Арабистони Саудӣ ҳастам.

Дар шаҳри Ҷидда дар хонаи Новал ном араб канизак, яъне ғулом мебошам. Ҳамаи он чизеро, ки аз сарам мегузарад, ба падару модар ва наздиконам нақл карда наметавонам, чунки зиқ шуда, бемор шуданашон мумкин аст. Соҳибихона бо ман мисли ҳайвон рафтор карда…

(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)

Мӯйсафеди занбоз

Кампири Раъно бо чашмони пуроб зарфи бензинро бардошта 5 литр сӯзишвориро якбора ба сараш рехт…

Баробари фурӯзон гаштани гӯгирд чӯб оташ аланга зада ба сару рӯйи Раънохола часпид. Сӯзиши ҷонкоҳи пайкараш занро водор сохт,ки ҷонҳавл худро ба берун занад. Вай  бо тамоми овоз дод гуфта, одамонро ба ёрӣ мехонд: Сӯхтам, сӯхтам, эй вой ҷонаки ширинам месӯзад, ёрӣ диҳед! Сӯхтам, ёрӣ диҳед… ёрӣ диҳед….

(Давомаш дар хафтаномаи “Оила”)

Чашмони духтарат кӯр шуданд, Алиҷон!

Бачаҳо дар мактабу дар кӯча Меҳрангези маро “сағераи бе падар” гуфта, таъна мезадаанд.

Ин гапро шунида, ҷигарам хун мешавад, охир наход дадааш зиндаю саломат бошаду кӯдаки бечора ин қадар азоб кашад?! Аз дурӯғ бофтан хаста шудаам, намедонам боз чӣ гуфта Меҳрангезро фиреб кунам…

(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)

                          Арӯсӣ гизала

Шамсияи дар ҳасрати оғӯши мард ҷонаш ба лабаш расида, билохира сабру қарорро аз даст дода, як рӯз худаш дарзмолро чанд бор бо шаст ба замин зада вайрон кард, баъд либосҳои ҳарир пӯшидаю худро орову торо дода, бо баҳонаи таъмири утюг бачаи ҳамсояро ба хона даъват намуд. Дилшод Шамсияи ба мисли актрисаҳо либос пӯшидаро дида, ҳайрон шуд ва бо гумони он ки шояд келинчак боз ба талбон меравад, пурсид:

-Янга, ба ягон ҷо меравед, ки ин қадар фасон шудед?

— Не ҷонам, барои ту фасон шудам, акнун биё…

(Давомаш дар хафтаномаи “Оила”)

Азроил дар шишаи арақ

….қотили зархарид ё авбош не, бародари ҳамхуни худаш дар рӯзи равшан сокини ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Олим Ёкубовро дар рӯзи туйи арӯсии духтараш зада кушт. Магар байни ин ду бародар ягон хусумат вуҷуд дошт? Чаро ин марди 51-сола ба ҷони додари 47-солааш раҳм накарда бо дастони худаш ӯро ба он дунё фиристод? Дар зери ин ҷинояти вазнин чӣ асроре ниҳон аст?

(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)

Арӯсаки ҳисорӣ худашро дар зери поэзд партофт?

Гулизор қоҳ-қоҳ зада хандиду нописандона ба ман нигариста гуфт: “Аз ту барин шавҳар кардан мурдан сад бор беҳтар аст! Ман худамро ба таги поезд мепартояму зани ту намешавам!”

 Ҳамсабақонаш ин гапро шунида қаҳқаҳа заданд. Аз шарм замин накафид, ки дароям. Барқасди ҳамин гапаш дар дил ба худ азм намудам, ки бо кадом роҳе, ки набошад, Гулизорро ба занӣ мегирам…

(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *