Тоҷикобод: Кадрҳои силшинос дастгирӣ ва бо қитъаи замин ҳавасманд мешаванд

Соли 2018 дар ноҳияи мо (Тоҷикобод дар назар аст) 25-нафар беморони сил ба қайди диспентерӣ гирифта шуд, ки  48%-и беморонро мардҳо ва 52%-ашро занон ташкил медиҳанд. Агар ин шумораро ба сари беш аз 45 ҳазор аҳолӣ тақсим кунем нишондиҳандаи баланд нест. Солҳои пеш ин беморӣ на танҳо дар  минатқаи мо, балки дар  дигар минтақаҳо низ хеле доман паҳн карда буд. Аз замони ҳамкорӣ бо барномаи ЮСАИД ва ҷалби фаъолони маҳаллаву ҷамоатҳо барои пешгирии бемории сил ҳам беморӣ кам гардид ва ҳам сафи ихтиёрӣ ба табобат ҷаблшудагон афзуд.

 Солҳои пеш, ки доғгузорӣ нисбати беморон зиёд буд, бемор дидаю дониста ба тарси гапи мардум ва  дигар шудани муносибати атрофиён дардро пинҳон медошт. 10-15 сол пеш дар минтақа  шумораи беморони сил хеле зиёд буд. Зиёд будани гирифторони ин намуди беморӣ як муаммо бошад, муаммои дигар шароити номувофиқ, камбуди доруворӣ, набудани лабараторияи  муосир, норасоии баъзе аз  таҷҳизоти тиббӣ ба зиёд шудани сил ва мушкил гаридидани табобати  беморон оварда мерасонид. Аз рӯи таҳлилу мушоҳидаҳои дар  таҷрибаи  беш аз 40 солаи кориям ҳосилшуда мегӯям, ки солҳои пеш мушкилот аз ҳар ҷиҳат  зиёд буд.

 Солҳои аввали ба кор оғоз кардани мо мушкилоти кадрӣ, норасоии таҷҳизорти тиббӣ мушкилоти соҳавӣ бошад, зиёд будани беморӣ ва паст будани саҳти маърифати тиббии аҳолӣ, инчунин “ба ҳукми анъана даромадани доғгузорӣ” муаммо дар корбарӣ ва пешгирӣ буд- нақл кард Атохӯҷа Ғаффоров,  духтури силшинос, ки таҷрибаи беш аз 40-солаи корӣ дорад.

Маркази силшиносии ноҳия

-Пӯшида нест, ки сабаби асосии гирифторӣ ба бемории сил сатҳи пасти зиндагӣ ва тангии маишӣ аст. Тахмин 15-20 сол пеш сатҳи зиндагии аҳолии минтақа паст буд, аз шароит ҳам маърифати тиббии шаҳрвандон пасттар буд, доғгузорӣ нисбати беморони сил баръало мушоҳида мешуд. Аз таҷрибаи беш аз 40 солаи кориям ва нишондиҳандаҳои оморӣ дар ноҳия мегӯям, ки бемории сил дар занҳо зиёдтар ба қайд гирифта мешавад, ба хусус занҳои камбизоату серфарзанд. Камбизоатию серфарзандӣ  як сабаби беморӣ бошад, канда кардани табобат сабаби дигари сил аст. Зеро баъзе аз чунин занҳо то ба охир табобат намекунанд ва чун табобат нопурра мемонад, сили одӣ ба сили намуди мутобиқшуда мубаддал мегардад-афзуд Атохӯҷа Ғаффоров.

Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим-пешгирӣ аз бемории сил аст

                          Пешгирӣ аз беморӣ- ғамхорӣ ба худ аст

-Ташаккули тарзи ҳаёти солим аз номгузорияш бармеояд, ки аввалан ҳаёти солимро ба роҳ монда, баъдан баҳри ташаккули он бояд кӯшиш кард. Ҳамчун корманди соҳа таъкид медорам, ки саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст ва дар як навбат табиби дард низ соҳиби он аст. Яъне пешгирӣ аз беморӣ, ғамхорӣ ба худ, саривақт ба табобат оғоз карданд, таркиби ғизонокии хӯрокро таъмин намудан, бо дарк кардани андак дигаргунӣ ба духтур муроҷиат кардан омилҳои асосии пешгирӣ аз беморӣ аст, аз ҷумла бемории сил. Ин беморӣ баробари пайдо шудан аз худ нишонаҳо медиҳад ва он нишонаҳо ба қавле бо “забони ҳол” мегӯянд, ки дар оранизм дигаргунӣ ва касалӣ зуҳур кардааст-гуфт Исомаддин Ҳашаров, директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Тоҷикобод.

Ҳар нафаре, ки ба мо муроҷиат мекунад ё табобат мегирад мефаҳмонем,  ки барои шифоёбӣ бояд кадом амалҳоро иҷро кунад.

 Барои мисол:- Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, дасткашӣ аз маводҳои тамоку, нашъаовар, нӯшокиҳои газноку спиртӣ. Инчунин машғул шудан бо обутоби бадан, машқҳои пагоҳирузӣ, сайругашт дар ҳавои тоза, тез-тез тоза кардани ҳавои хона, истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва аз  витамин бой. 

кор бо ҷенэкперт

Илова бар ин бо кӯмаки-ташкилоти Юсаид, ки ба минтақаи мо таҷҳизоти ҶЕНЭКПЕРТ дастрас карда шуд, кори ҳам табибон ва ҳам сокинонро хеле осон кард. бо ин таҷҳизот дар давоми ҳамагӣ 2 соат ҷавоби пурраи се -чор намуди таҳлил мебарояд.  афзуд Исомаддин Ҳашаров.

                             “

Ақли носолим- тани носолим аст”.

 -Дар урфият мегӯянд:- “Ақли носолим- тани носолим аст”. Гоҳо мешавад бо мардумоне вомехӯрем, ки  андешаҳои хато дар бораи бемории сил доранд. Ҷиҳати нигаронкунанда дар он аст, ки як нафар фикри хатои худро метавонад ба даҳҳо нафар талқин кунад.  Фикру андешаҳои хатои оид ба бемории сил зиёда аст. Масалан :-Сил  бемории ирсӣ мебошад, аз бемории сил дар назди табибони халқӣ шифо ёфтан мумкин аст, бемории сил табобатшаванда нест, табобати сил сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад гуфт- Диловаршо Тақдиров, роҳбари КАТС-и ноҳияи Тоҷикобод,

Ин гуна андешаҳои мутлақо ғалат метавонад сабаби асосии  дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории  сил гардад. Дар баробари сабабҳои зикршуда, инчунин сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил,  тамғагузорӣ нисбати беморони сил, мушкилоти кадрӣ,  шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон,  авҷи муҳоҷирати хориҷӣ ва дохилӣ метавонад боиси хуруҷи беморӣ ва зиёд шудани сафи беморон гардад-илова кард Тақдиров.

Кадрҳои силшиносро дастгирӣ ва бо додани қитъи замин ҷалб мекунем

 -Ноҳияи мо зиёда аз 45 ҳазор аҳолӣ дорад, аниқтараш 45603 нафар. Мусаллам аст, ки ҳар қадар зиччи аҳолӣ зиёд гардад, ҳамон андоза ба  шароити иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аксаран медонанд, ки сил бемории иҷтмоӣ аст ва гирифтори ин дард асосан ашхоси камбизоату серфарзанданд. Дар баробари духтурони силшинос, аъзоёни кумитаи маҳалла ва валантиёрону дигар дастандаркорон мо масъулини МИҲД-и ноҳия низ вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии бемории сил сайту талош варзем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-ро ба аҳолӣ фаҳмонем-гуфт   Тоҳир Назриев, муовини  раиси ноҳияи Тоҷикобод.

                        Тоҳир Назриев

-Чуноне ки дар  моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иҷрои тадбирҳои зерин дохил мешаванд:- Назорати риояи меъёру   қоидаҳои беҳдошти тиббӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои беморони сил ва  дигар шахсоне, ки   Қонуни мазкур  ба онҳо дахл дорад, инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳое, ки ба беморони сил кўмаки тиббӣ мерасонанд, дастрас гардонидани кўмаки тиббӣ ба беморони сил (шакли фаъоли сил ва гурўҳи зери хавф қарордошта) ва назорати риояи ба онҳо мутобиқи  стандартҳои сифатӣ расонидани кўмаки  тиббию   санитарӣ, таъмин ва ташкили шароити мусоид барои кормандони хадамоти   соҳаи зидди  бемории сил.

Инчунин ҳавасмандгардонии кадрҳои силшинос аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Тоҷикобод. Яке аз воситаҳои асосии ҳавасмандгардонии ҳукумати ноҳия додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад, ки ҳам мушкили кадри силшинос ҳал мешавад ва ҳам як кадр барои хизмати аҳолӣ ҷалб-афзуд муовини раиси ноҳия Назаров.

                                                                                           Фарзона Муродӣ

                                                                                                       Хуҷанд-Тоҷикобод-Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



Ба боло