Тоҷикон дар Русия чойхонаи «Роҳат» кушоданд
Соҳибкорони тоҷик Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев дар шаҳри Воронежи Русия чойхонаи миллии тоҷикиро таъсис дода, онро ба шарафи чойхонаи машҳури Душанбе «Роҳат” ном карданд. Мизоҷон дар ин чойхона ба муҳити афсонавии тоҷикӣ фурӯ рафта, метавонанд беҳтарин намунаҳои ғизоҳои миллии мо, аз ҷумла ошу самбӯса ва лағмону мантуро бичашанд.
Намояндагии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки дар шаҳри Воронеж бо ташаббуси ду соҳибкори тоҷик чойхонаи миллии тоҷикӣ бо номи «Роҳат” боз шудааст.
Соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев, ки солҳои зиёде дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дер боз фикри сохтани як чойхонаи тоҷикиро дар Воронеж дар сар доштанд. Онҳо ин чойхонаро ба шарафи чойхонаи машҳури Душанбе «Роҳат” ном карданд.
Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Намояндагии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ошпазонро барои чойхонаи «Роҳат”-и Воронеж махсус аз Тоҷикистон овардаанд: «Ош, лағмон, самбӯса, манту ва дигар хӯрокҳои таҳиякардаи ошпазҳои гулдасти тоҷик алакай ба мизоҷони маҳаллӣ хуш омадааст. Чойхона бо сабки шарқӣ бо ороишот ва кандакориҳои миллӣ ва бо сӯзаниҳо ва либосҳои тоҷикӣ ороиш ёфта, ин ҳама як муҳити дилнишини шарқиёнаро фароҳам меорад. Мизоҷон дар инҷо муддате чанд ба фазои афсонавии Тоҷикистони офтобӣ ғӯтта мераванд.”
Дар чойхонаи нав беш аз 20 нафар, аксар муҳоҷирони тоҷик соҳиби ҷои кор шуданд. Соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев гуфтаанд, ки ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мардуми маҳаллӣ бо ғизоҳои миллии тоҷикӣ ва фарҳанги қадимии мардуми тоҷик аз наздик ошно шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ