Русия: Дастгиршавии тоҷик бо иттиҳоми гӯшбурӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони иштирок дар ҳамла ба посбонони яке аз биноҳои маъмурӣ дар маркази пойтахти Русия боздошт шуд.

Бино ба иттилоии Агентии «Москва»,  ин ҳодиса нимаи моҳи сентябр рух дода, ду нафар посбони бино мавриди ҳамлаи чор нафар шахсони номаълум қарор мегиранд.

«Онҳо як нафар посбонро бо корд ба шикамаш зарба зада, гӯши посбони дигарро мебуранд. Ҷабрдидагонро ба бемористон интиқол медиҳанд», — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, рӯзи 25 декабр гумонбари аввалин муайян шудааст, ки зодаи 25-солаи Тоҷикистон мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки мардро боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти пулис ҳамроҳони ӯро ҷустуҷӯ дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *