Шаҳрдори қабеҳро ба додгоҳ кашиданд

Дар Узбакистон зидди шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев барои таҳқири мудирони як қатор муассисаҳои таълимӣ парванда боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар рафти санҷиш додситонӣ муайян кардааст, ки шаҳрдор дар воқеъ ба зертобеонаш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро таҳқир кардааст.

Дар посухи додситонии Андиҷон ба дархости қабулгоҳи маҷозии президенти Узбакистон омадааст, ки 7 декабр зидди Раҳматуллоев бар пояи банди 41-и Кодекси маъмурии ин кишвар парванда боз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ фиристодаанд.

Як масъули шаҳрдории Андиҷон гуфт, баррасии парвандаи Раҳматуллоев ҳанӯз оғоз нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол аст, мансабдори узбакро ҷарима кунанд. «Дар ҳоли ҳозир, Раҳматуллоев дар мақоми худ кор мекунад. Ӯ субҳи 25 декабр ҷаласаеро баргузор кард, вале бо ҳозирон бисёр муносибати хуб дошт», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Раҳматуллоев ҳамчун узви маҷлиси шаҳрӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдор аст. Вале ба гуфтаи масъули шаҳрдории Андиҷон, вакилони маҷлис дахлнопазирии ӯро муваққатан бекор кардаанд.

Дар як ҷаласае, ки 16 октябр дар шаҳри Андиҷон сурат гирифт, раиси шаҳр мудирони муассисаҳои таълимиро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳро дашном дод. «Ҳайвонҳо», «шағолҳо», «харҳо», «лаънат бар падаратон» — гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *