Тоҷикон тифли узбекро хариданду дар бало монданд
Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Петербург мегӯяд, нисбати ин афрод бар пояи моддаи “Хариду фурӯши одамон” парванда боз шудааст.
Ба фарзияи тафтишот, тобистони соли 2016 як зани ҳомилаи 28-сола аз Узбакистон барои ба ҷуфти бефарзанди тоҷик фурӯхтани тифлаш, ки бояд тирамоҳи ҳамон сол ба дунё меомадаст, розӣ шудааст: “Охирҳои моҳи октябр дар як утоқи воқеъ дар кӯчаи Бухарест навзодашро ба ҷуфти тоҷик супурда, бар ивазаш 11,5 ҳазор рубл гиирфтааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ