Тоҷикистон: Аз 12 500 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани аввалин ронандаҳои қоидашикан

Кормандони БДА 13 ронандаро барои бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин 12 500 сомонӣ ҷарима бастаанд. Як сокини Спитаменро, ки ҳам ҳуҷҷат надошт ва болои ин маст мошин меронд, 20 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, барои 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардаанд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати 14 ронандаи аввалеро, ки бар асоси қонунҳои нави зидди ронандагони бадмаст ва бе ҳуҷҷат муҷозот шудаанд, нашр кард.

Аз ин рӯйъат бармеояд, ки 13 нафар барои бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин ба маблағи 12 500 сомонӣ ва як нафар — Авазбек Абдулмаҷидов, сокини деҳаи Бошбулоқи ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен, ки ҳам ҳуҷҷат надоштааст ва ҳам маст будааст, 20 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанд. Абдулмаҷидовро ҳамчунин 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардаанд.

Дар поёни моҳи авгууст ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки барои бидуни ҳуҷҷатӣ ронандагт ва дар ҳолати мастӣ рондани воситаҳои нақлиёт ҷазоҳои шадидтареро пешбинӣ мекунанд.

Аз ҷумла бар асоси таҳрири нави моддаи 332, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар кардаанд.

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.

Дар матни қаблии Кодекс барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва болои он дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ шуда буд. Дар тарҳи нави Кодекс андозаи ҷарима алакай 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда, барои такроран дар давоми сол баъди ҷазои якум содир намудани айни кирдор шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Агар ронандае, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ба садамаи нақлиётӣ роҳ диҳад ва дар ин садама касе ҳалок ё маҷрӯҳ шавад, ӯро метавонанд ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол маҳкум ба зиндон карда, барои 10 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум кунанд. Дар сурати боиси марги беш аз ду нафар шудани ронандаи маст, муҳлати ҷазо алакай аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз 10 то 20 сол хоҳад буд.

Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Дар Кодекси амалкунанда барои чунин амал фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин дар моддаи 50-уми Кодекси ҷиноятӣ дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, илова шудааст.

Рӯйхати қоидавайронкунандагон

Рӯйхати

вайронкунандагони Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки бо дастрасии моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии
Тоҷикистон вобаста ба тағйиру иловаҳо аз 28.08 соли 2017 ҳуҷатгузорӣ гардидаанд:

р/т

Ному насаби ҳуқуқвайронкунанда

Тамға ва рақами қайди давлатии воситаи нақлиёт

Суроғаи истиқоматии ҳуқуқвайронкунанда

Моддаи КҲР ҶТ, намуди ҚҲР

Чораи татбиқгардида

1.

Додобоев Додобой

Почобоевич

«Опел-Астра»

9245 АО 02

н.Деваштич,

деҳаи Қалачаи Арбоб

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

2.

Миркаримов Рустам Сабурович

«Тайота-Авенсус»

0660 КК 02

ш.Истаравшан,

деҳаи Қалачаи Калон

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

3.

Додоев Кунҷабек Хонимқулович

«Опел-Астра»

3384 ВО 02

ш.Истаравшан,

деҳаи Ниҷонӣ

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

4.

Ҳоҷибоев Мурод Юсуфович

«Тайота-Камри»

4525 СН 02

н.Конибодом,

кўчаи Гумбазӣ-42

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

5

Шарофиддинова Умеда Мансуровна

«БМВ»

2159 АО 02

ш.Гулистон,

кўчаи Истиқлол 3-28

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

6

Ахмедов Юсуфҷон

Иброимхуҷаевич

«Опел-Астра»

2785 ВК 01

ш.Бўстон,

маҳаллаи Нав 13-60

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

7

Очибеков Мақсудшо

«Волсваген-Голф»

2572 ВК 01

ш.Бўстон,

кўчаи Победа 33-33

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

8

Мирзоахмедов Талаббой

Одилмаматович

«Опел-Астра»

7324 ВХ 02

н.Ашт, ҷ/д Ошоба,

деҳаи Марҳамат

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ (қисман татбиқшуда)

9

Абдумаҷидов Авазбек

Абдуҳакимович

«Опел-Астра»

9452 ЕН 02

н.Спитамен,

ҷамоати Тағояк,

деҳаи Бошбулоқ

моддаи 337

бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ

ҷарима 20000 сомонӣ бо маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати 10 сол

10

Раҳмонов Ёқубҷон

Абдуқаюмович

«Дэу-Ласетти»

9167 СТ 01

ш.Турсунзода

деҳаи Яхшнобод

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

11

Соатов Аҳтам

Юсуфҷонович

«Хундай»

9579 АК 03

н.Ёвон,

деҳаи Эшма

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

12

Давлатов Туйчӣ Саъдуллоевич

«Опел-Вектра»

ВМ 5415 РТ 01

н.Файзобод,

деҳаи Гулистон

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

13

Раҳмонов Алиакбар

Тағоймуродович

«Тойота –Королла»

3838 АТ 01

ш.Душанбе,

к. Гулбутта х.55

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

14

Ҳикматов Шарофиддин

Орзубекович

«Опел-Астра»

3154 ВХ 01

н.Рудакӣ,

ҷ/д Чортеппа

моддаи 336 қ.1

бе ҳуҷҷати ронандагӣ

ҷарима 12500 сомонӣ

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *