То табаддулот се рӯз монда буд. Мусоҳиба бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд

Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ зоҳир намуд, ки ба саволҳои шореҳи «Тоҷикистон» посух гӯяд.

 уҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб  қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?

-Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар  масъалаи мавриди баҳс назарҳо  гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷӯёна  иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии  масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд,  манъ аст.

ҲНИТ  4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз  кард.  Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.

Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

— Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?

 

— Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.

—  Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?

— Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурӯҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ӯ аз 21 январи соли 2011 барои  иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.

Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин  фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали  дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.

Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, бо истифодаи силоҳи оташфишон — автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ  аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонида шуда, автомати  тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров”-и ба ӯ тааллуқдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амлаҳои террористӣ ҳамчунон бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноӣ тасдиқи худро ёфтаанд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, худашон низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо ҳукми Суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум  карда шуданд.

11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурӯҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д. Фозилов Д. Пиров Қ. Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак алоқаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми Суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

— Шумо ҷиноят ва ҷинояткоронеро зикр намудед, ки фаъолияти онҳо метавонад ба ҲНИТ иртиботе надошта бошад.

— Рафти баррасии парванда собит намуд, ки аз ин роҳбарияти ҲНИТ на танҳо огоҳ буд, балки онро раҳномоӣ мекард. Агар чунин нест, пас чаро амали онҳоро маҳкум накард? Ман метавонам аз ин бештарро гӯям.

-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1 дарёфт шуданд.Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурӯҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурӯҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

-Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ доштАйнан хабари сомонаи Payom net”- ро, ки тааллуқ ба ҳизби мамнуъҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот ред.) даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”.

Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар овардани далелҳо ба сохтакорие роҳ доданд?

 

— Аз як ҷониб нишондоди Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам”” (https://www.youtube.com/watch?v=2NZE_NwGulU). Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим.

Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд.  Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки  дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Ба ӯ ва пуштибонони хориҷиаш боз чӣ далел лозим аст? Мисоли мустақими дигаре меорам: дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли  2015, тавассути сабтҳои аудио-видеоӣ ва нишондодҳои шоҳидон исбот карда шуд, ки 1-уми сентябри соли 2015 писари Кабирӣ  Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, ронандаи Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Тешаевич шавҳари хоҳари ҳамсари М.Кабириро ба хонаи худашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Хайрулло Мирзоев, гузаргоҳи 3-юм, хонаи 69 даъват намуда, супориши падарашро мерасонад, ки ба бинои ҶСП “Бинокорсервис” (ширкати худи М.Кабирӣ) рафта, ба шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич, зодаи ноҳияи Файзобод, писари аммаи М.Кабирӣ, директори ҶСП “Бинокорсервис” ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, бародари ҳамсари М.Кабирӣ, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати номбурда расонад, тамоми маблағҳои дар ихтиёрашон қарордоштаро ҷамъоварӣ намоянд. 2-юми сентябри соли 2015, худи Р.М. Тиллозода бо ҳамроҳии Сайфов Ҳ.Т. ба  ҶСП “Бинокорсервис” меравад. Маблағи 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро аз Ҷ.И. Нарзуллоев ва М.Т. Раҳматуллоев гирифта, дар шоҳидии се нафар сейфи ба худаш тааллуқдоштаро кушода, маблағи 1 миллиону 180 ҳазор сомониро аз он ҷо берун меорад. Сипас, ба Назарзода А.М. занг зада мегӯяд, ки тибқи дастури падараш маблағи баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст ва бояд ба ӯ диҳад. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Р.М. Тиллозода ва Ҳ.Т. Сайфов бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақами давлатиаш 7288 СА01, маблағи зикршударо ба хонаи А.М. Назарзода бурда, ба ӯ медиҳанд.

Маҳз баъди гирифтани маблағи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.

А.М. Назарзода бо гурӯҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии № 08050-и  вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятиро дар маҳаллаи собиқ “Хлебзавод” бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт,  автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардониданд.Ҳамзамон, ғайриқонунӣ ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гашта, бо роҳи зӯроварӣ 180 адад силоҳи оташфишони АК, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро гирифтанд.

Баъдан, аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон машғул буданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Д.Х. Саъдуллоев, Р.Х. Орипов, Д.Г. Буриев, А. Ҷобиров, И. Пиров, Н.А. Каримов, Ш.М. Шарипов, Д.Г. Ёров, М.Ш. Ҳасанов ва М.С. Саидов (10 нафар) ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёте, ки аз ҷониби назарзода сурат гирифт, қариб 50 нафар нобуд гашт. Ин ҷо ҳама талафоти ҷонӣ, фарзандони мардуми тоҷик ҳастанд.

Шумо парвандаҳои ҷиноиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ — манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?

— Магар мисоли дар боло овардаам шаҳодат аз ин намедиҳад? Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва террористӣ, табадуллоти давлатӣ  доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост…”

 

Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зидди давлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ-ро огоҳ кардааст. Аммо чуни ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро  нодида мегирифтанд, афкори ҷомиаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд.

— Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?

 

— Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред. ), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай,  дар мувофиқат бо  Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.

8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд,  мувофиқа намуда, ҲНИТ-ро дар қатори чунин  созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд.

Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.

 

— Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.

— Аз лиҳози талаботи моддаи 1-и Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 қабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва эктремизм ҳаракатҳо ва амали ҲНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун  ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рӯ ба рӯ мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рӯй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.

Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.

— Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.

Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.

— Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон аст.

— Мегӯянд, ки шумо таҳти фишор чунин қарор баровардед.

— Магар далелҳое, ки ман дар боло зикр кардам шаҳодат аз қарори зери фишор медиҳанд? Бо ин далелҳо ва боз даҳҳо далели дигар ҲНИТ-ро агар сад бор ҳам бандед, кам аст.

— Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегуед.

— Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд.

Шояд як камбудӣ он буд, ки мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт?

— Мурофиа озод, паси дарҳои боз сурат гирифт. Дар он беш аз 70 рӯзноманигор иштирок доштанд. Ҷои таасуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеиятро объективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муѓризона ва бардурўѓ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *