Тобути саргардон, ваҳшонияти қотилонро Зарафшон пинҳон кардан нахост

 

…Шамоли сарде, ки аз ҷониби дарё мевазид, гӯшаи болопӯшеро,ки дар он мурда печонида шуда буд, ҳар замон алвонҷ медод ва қотилон, ки ба ҳар як садои шубҳаовари  атроф   гӯшу ҳуш дода буданд, дар вақти ҷунбидани он меҳаросиданд. Гумон доштанд, ки ҳоло мурдаи Бахтиёр аз ҷояш мехезаду бо онҳо даст ба гиребон шуда, мепурсад: “Эй номардон, шумо чӣ кор кардед? Барои  чанд пул шуда чаро маро аз ҷони ҷавонам маҳрум намудед?” Аммо нигоҳи дуздонаи қотилон ба ҷасади аз “Опел-Зефира”  фароварадашудафтода ва онҳо ором шуданд: дигар ҳаргиз ин ҷавон ба по рост нахоҳад шуд. Равшании чароғи мошини роҳгузар лаҳзае симои ҷинояткоронро равшан кард  ва Аъзаму Юнус беихтиёр аз он рӯй гардонданд. Аъзам ба шарикаш  бо овози паст гуфт: — “Зуд бош,аз ин халос шавему рӯз нашуда, ба шаҳр баргардем… Ҳар чӣ камтар ба чашм намоем, ҳамон қадар хуб аст” Онҳо ҷасади ҷавонро ба лаби ҷарӣ оварда, ба поён нигоҳ карданд. Дар равшании моҳ мавҷҳои Зарафшон  ба назар  нуқраранг ва хеле зебо метофтанд, вале ин ду нафар қудрати фаҳми ин зебоиро надоштанд. Онҳо як гӯшаи болопӯшро боз намуда, гӯшам дигари онро баробар бардоштанд ва ҷасад сарозер шуда, ба танаи ҷарӣ бархурд ва бори дигар ба ҳаво баланд шуду ин дафъа  рост ба умқи  дарё афтод. “Акнун нишонаи ӯро аз Бухоро ҳам пайдо карда наметавонед…” аз дил гузаронд Аъзам ва бо ишораи даст ба  Юнус фаҳмонд, ки вақти баргаштан шуд. Онҳо зуд ба  ба мошин нишастанду ҷилави онро дубора ба тарафи Истаравшан гардонданд. Моҳи осмон, ки шоҳиди ин ҷиноят буд, гӯё аз кори як инсон нисбати ҳамҷинси худ шарм дошта бошад, зери абр пинҳон шуд. Зарафшоне, ки асрҳо инҷониб ҳазорон  нафар худкушро ба коми худ кашида буд, боз як қурбонии дигарро ба оғӯш кашид. Ба оғӯш кашид, то ки рӯзи дигар ӯро ба соҳил бароварда партояду ба одамон бигӯяд: “Бинед, шумо ба чӣ кори пасте қодир ҳастед, эй одамон! Шумо меоеду меравед ва   ба хотири моли дунё ҳамдигаркушӣ мекунед, аммо ман мемонам ва ин асрори шуморо фош  мекунам…”

Пас аз се рӯз тобути саргардони Бахтиёрро  аз Панҷакент  оварданд ва ин бор аллакай лахту порашуда…

 

***

…Вақте, ки аз дарвозаи фарсудаю фақиронаи хонаи марҳум по ба дарун ниҳодем, назарамон ба ҳавлии хурдакаки аз ин ҳам фақиронатар афтод. Он ҷо моро ҷавонмарди зебоандоме пешвоз гирифту даст пеши бар ба хоначаи танге даъват намуд.Аммо худаш ба ба остонаи дар пешпо хӯрда, қариб афтода буд. Зуд аз китфаш доштам, то ки наафтад.

-Узр  меҳмон, ин кас нобино ҳастанд…,-гуфт марде, ки маро то хонаи Бахтиёри марҳум роҳнамоӣ карда буд.

Пас аз тиловати  ояте аз Қуръон ва бахшидани он ба рӯҳи марҳум, дар хона як лаҳза хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Ростӣ, аз куҷо сар кардани гапро намедонистам. Муҳит хеле  ғамолуд ва барои сухан гуфтан номусоид буд. Зеро ман дар ҳавлие қарор доштам,ки ҳамагӣ як моҳ пеш аз он ҷо тобути саргардони ҷавонмарди 43 — солаеро, танҳо ба хотири он, ки аз қарздоре хоҳиши (талаб не!)  маблағи додаашро  баргардонданро кардааст,  ӯро бераҳмона ба қатл расониданд,  бароварда буданд. Ниҳоят,  Назар-бародари нобинои марҳум   ба гап сар карда ,  хуш омадед гуфт ва баъд илова намуд:

-Тақдири Худо будааст…

Ҳини суҳбат  маълум шуд, ки дар ин ҳавличаи танг се оила зиндагӣ мекардаанд ва саробони ҳамаи онҳо Бахтиёр будааст.

-Оилаи ман бо ду фарзанд, модарам, ки  маъюби гурӯҳи дуюм ҳастанд ва оилаи худи Бахтиёр  дар ҳамин ҳавлӣ зиндагӣ мекунем ва нонбиёри хонаамон акаам Бахтиёр буд,-мегӯяд Назар гӯё барои нодориаш узр хоста истода. Мебинам, ки  дидагони нобинояш на ба ман, балки ба ким — куҷои дигар равона шудаанд. Дар ин лаҳзаҳо шояд ӯ аз ҷаҳони танҳо ба худаш аён дидори бародари шаҳидашро меҷуст…

…Бале ӯ шаҳид шуд, зеро ба хотири молу амволаш ӯро куштанд ва бо ҳамин чанд нафар, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, модару бародари маъюб, зани ҷавонашро бепарастор карданд. Ба хотири чӣ? Барои ҳамагӣ панҷ ҳазор доллар.Панҷ ҳазор долларе.ки аз бонк ба хотири додан ба Аъзам ва ба ивази он соҳиб шудан ба як дукони хурдакак. Яъне, ду номард ҳаёти як инсонро ҳамин қадар нархгузорӣ намуданд…

-Рӯзе,ки бародарам нопадид шуд (17 июл), ман то соати 1000 дақиқаи шаб бо ӯ телефонӣ суҳбат доштам,-мегӯяд Назар,-Аммо баъд аз ин якбора садои телефонаш хомӯш шуд. Дар аввал гумон кардам, ки шояд қувваи батареяааш тамом шуду ҳозир аз дар даромада меояд.Аммо то саҳар интизор шудаму ӯ дарвозаро накушод. Субҳ ба амакам Ҳусейн занг зада гуфтам, ки Бахтиёр шаб ба хона наомад

-Вақте, ки ман хабари нопадид шудани Бахтиёрро шунидам, аз оғоз паи он шудам, ки бори охир ӯ ҳамроҳи кӣ буд ва муайян кардам, ки ин шахс Аъзамҷон будааст, -мегӯяд амаки Бахтиёру Назар-Ҳусейн Асроров.- Ӯро мешинохтам ва ба телефонаш занг зада, суроғи Бахтиёрро кардам. Ӯ гуфт, ки айни замон дар Хуҷанд аст ва бегоҳ бо ман вомехӯрад. Ҳайрон шудам, ки чаро ман аз ӯ Бахтиёрро мепурсаму ӯ бошад, бо ман вохӯрданист. Вақте ки бегоҳ бо Аъзам вохӯрдам, вай гуфт: “Бахтиёр ҳамроҳи ман буд, аммо касе занг заду ӯ рафт. Дигар ӯро надидам” Ба вай гуфтам, ки агар ба милиса муроҷиат кунам, аввал ӯро мепурсанд, барои ҳамин агар ӯро гаравгон гирифта бошад, (медонистам, ки Аъзам аз Бахтиёр қарздор аст) ва ё нисбаташ ягон кори дигар  карда бошад, иқрор шавад. Аммо ӯ чизе нагуфт ва кош ҳамон вақт иқрор мешуд, тани беҷони  ҷиянамро сангҳои Зарафшон пора-пора намекарданд…Ба милиса бо ариза муроҷиат намудам.Аз кормандони ин даргоҳ сахт миннатдорем, ки на танҳо дар як муддати кӯтоҳ гиреҳи куштори Бахтиёрро боз намуданд, балки ба мо кумак расонида, мурдаи ӯро, ки дарёи  тезоби Зарфшон аллакай   75 километр  бурда буд, аз он ҷо оварданд. Зарафшон изи ин ваҳшониятро пинҳон кардан нахоста, онро дар наздикии деҳаи Ёрии Панҷакент аз оғӯшаш  берун андохта буд,…

… Дар ҳуҷраи муовини сардори шуъбачаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Истаравшан  суҳбати тӯлоние доштем. Муфаттиши  парванда Ҷамшед Холмуродов  ботаассуф гуфт:

-Кас ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр шахс дидаю дониста, ки дар ниҳояти кор чунин ҷинояти мудҳиш ошкор мешавад, боз даст ба он мезанад. Аъзам қабл аз он, ки  ба ҷони ин ҷавонмард қасд кунад, пешакӣ нақшаи онро кашида будааст. Аъзам Хӯҷаҷонов , ки  боз аз чандин каси дигар қарздор будааст, яке аз чунин қарздорон- Юнусҷон Мирзоевро ба доми худ кашида мегӯяд, ки  агар ба ман ёрдам кунӣ, ҳам қарзи худатро медиҳаму ҳам ба ивази ин кумакат боз панҷ ҳазор доллар илова мекунам. Мирзоев ҳам розӣ мешавад ва онҳо Бахтиёрро бо баҳонаи он, ки Аъзам қарзашро медиҳад, шабона даъват мекунанд. Ҷинояткорон ӯро ба нишастгоҳи пеши мошин мешинонанд ва Юнус ба нишастгоҳи қафо мешинад. Вақте ки онҳо ба деҳаи Чорсада наздик мешаванд, қотилон пайти мусоид ёфта, дар ҷои хилвате аз паси ӯ ба гарданаш ҳалқа меандозанд. Ҳарчанд Бахтиёр муқобилият мекунанд, (изи он дар китфи чапи яке аз қотилон мавҷуд аст) аммо барои халосии ҷони худ коре карда наметавонад. Зеро яке дасту пояшро медошту дигаре ҳалқаро дар гулӯи ӯ таранг мекард. Вақте ки  ҷон аз бадани мақтул баромад,онҳо ӯро ба бордони мошин бор карда, бахонаи навсохти Аъзам мебаранд ва гӯё ҳеҷ коре нашуда бошад, хомӯш гаштан мегиранд. Вақте ки ақрабои Бахтиёр аз гум шудани ӯ ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, чӣ кор карданашонро надониста мақтулро  ба  “Опел Зефира” ,ки он ба як сокини ҷамоати “Зарҳалол” тааллуқ дошт, бо баҳонае гирифта, ба он мурдаро бор мекунанд ва ба самти ағбаи Шаҳристон ҳаракат мекунанд. Вақте, ки аз нақб убур мекунанд, дар наздикии деҳаи Хушекат мошинро боздошта, аз он мурдаро ба мавҷи пурталотуми Зарафшон месупоранд, ки мо онро аз ҳудуди ноҳияи Панҷакент ёфтем. Дар вақти тафтиш гумонбарон ба гуноҳи худ иқрор шуда, чӣ гуна сурат гирифтани ин кушторро муфассал гуфта доданд…

Амаки Бахтиёр –Ҳусейн ба ин гуфтаҳои муфаттиш илова мекунад:

-Медонед мошинро ба ин қотилон кӣ ёфта додааст? Намедонам аз кори онҳо хабар дошт ё не, аммо ин корро адвокати хеши Аъзамҷон Бахтиёр Насруллоев  кардааст. Аҷиб, ки дар кумак ба ҷинояткор донистаю надониста ҳама ҳамдастӣ мекунанд. Шояд шумо бовар накунед, вале ман гумон мекунам,ки агар падари Аъзам сари вақт пеши роҳи писарашро мегирифт,  шояд ин фоҷеа рух намедод.

-Чӣ хел? Магар ӯ ҳам хабар дошт?

-Не, аммо гап дар сари он, ки Бахтиёр аз қарздор на баргардонидани 20 ҳазор долларе,ки чанд сол пеш гирифта  буд, балки барои  аз ӯ гирифтани як ҳуҷрае, ки сохтмонашро Аъзам ба охир расонида буд, хоҳиш  кард  ва ба ивази ин дӯкон ӯ ба вай 5 ҳазор доллари дигар ҳам дода буд. Аммо Аъзам  дар давоми як сол  дӯконро ҳуҷҷатгузорӣ накарду  ба ивази ин худи ӯро куштанд. Боре маро пас аз марги ҷиянам падари Аъзам- Маҳмадалихон, ки соҳиби ҳамон дӯконҳо ва чойхонаи барҳаво мебошад, даъват намуд. Ман ҳам рафтам ва дар ҳузури писари хурдиаш пурсидам, ки 5 ҳазор долларро Бахтиёр ба кӣ дода буд? Писараш гуфт, ки  ба ман ва ман онро ба падарам додам. Ба он кас гуфтам, ки пас шумо ҳам дар ин ҷо гунаҳгор ҳастед. Ақрабои қотилон ба ҷои он ки узрхоҳӣ кунанду барои куштори бераҳмонаи як ҷавон худро гунаҳгор ҳисоб кунанд, дар расонаҳо ҳатто қотилро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ӯ мусичаеро ҳам озор намедод. Бахтиёр гӯё Аъзамро таҳқиру ҳақорат карда бошад . Магар ин аз рӯи инсоф аст? Ана худатон бо гӯшатон шунавед, ки ӯ бо Аъзам чӣ хел суҳбат мекунад…

…Пас аз пурра гӯш кардани суҳбати қариб бистдақиқаинае, ки дар телефон сабт гардида буд, пеши назарам симои ҷавоне намоён шуд,ки аз қарздори худ бо калимаҳои “акаҷон”,  “акаи Аъзам” қариб , ки бо тавалло иҷрои ваъдаи додаашро мекунад.Аммо Аъзам домани ӯро бо чормағзи пуч пур карда истода мегӯяд: “Бахтиёр, ману ту бегона нестем, мушкилоти оилавии маро медонӣ. Ғайр аз ин, Қаҳрамон, ҳамоне, ки ман аз ӯ қарздор ҳастам, таҳдид карда истодааст, ки агар қарзашро барнагардонам, зану духтарашро ба ҳавлиам оварда мепартояд ва онро соҳибӣ мекунад. Ҳамин ки аз ӯ халос шудам, аз паси кори ту мешавам”…Мувофиқи баъзе гуфтаҳои сокинони Истаравшан ин мард қарзҳои ҳангуфте доштааст ва як тахмине ҳам ҳаст,ки ӯ барои аз қарзхоҳони худ халос шудан  шояд даст ба куштори рӯирост зада бошад, то ки дар паси панҷара аз онҳо пинҳон шавад.Аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро бо доштани дороии зиёд падари ӯ нахост қарзҳои фарзандашро баргардонад? Шояд байни ӯ ва падараш низ ягон муаммое буд?

…Аз дидагони нобинои Назар ашк ҷорӣ намешаванд. Сарчашмаи ашки ӯ ё аз рехтани зиёд  хушк шудааст ва ё аз сабаби маризӣ ба ин кор қодир нест. Вале аз овози ларзонаш фаҳмидан душвор нест,ки ӯ дарун -дарун месӯзад. Ҳам барои бародари бе гуноҳ қурбоншудааш ва ҳам барои онҳое, ки паси сари ӯ монданд. Акнун ҳоли ин се оила чӣ мешавад? Хешу ақрабо як ду бор ёрӣ мерасонанд ва онҳоро фаҳмидан мумкин, ҳар ки зиндагии худро дорад. Бо он,ки қотилон паси панҷара мераванд, шояд дилашон андаке таскин ёбад, вале нонбиёри хонаи онҳо кӣ хоҳад шуд? Тифлони хурдсоли хона? Нобинои то ин дам ба умеди бародар буда?  Кампири маъюб,ки дар ғами писараш ҳар соат обу адо шуда истодааст ва ё зани ҷавони бевамондаи Бахтиёр? Ба андешаи мо, мурофиаи судӣ бояд  дар вақти ҳукм баровардан нисбати қотилон,  ба ин саволҳо низ ҷавоб гӯяд…

А. АҲМАДЗОДА,

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *