Акси аслии Аҳмади Дониш (!?)

Чанд рӯз пеш ба воситаи аккос ва рассоми Институи дастхатҳои Шарқи Санкт –Петербург Светлана Шевелчинская, ки ба пайдо ва барқарор кардани хазинаи суратҳои асри XIX ва оғози асри XX машғул аст, аксе бозёфт шуд, ки ба Аҳмад Махдуми Дониш, файласуф, нависанда, шоир, дипломат ва асосгузори  ҷараёни маорифпарварӣ мутааллиқ аст.

Дар поёни акс навишту шудааст: «Аҳмад Дониш. Снимок сделан во время визита послом в. Петербург. 19 век».

То ба ҳол як намунаи дигари рассомии сурати Аҳмади Дониш дастраси мо буд, ки он ҳам дар Санкт-Петербург, зимни яке аз сафарҳои Дониш дар ҳайати намояндагони Аморати Бухоро ба Русия  кашида  шудааст.

Аҳмад Махдуми Дониш (тав. 1827) яке аз чеҳраҳои намоёни асри XIX мебошад, ки дар ҳайати намояндагони Аморати Бухоро, дар замони салтанати Амир Насруллоҳ се маротиба: бори аввал соли 1857, дуввум 1869-1870 ва бори сеюм 1874 ба Санкт Петербург ба сифати дипломат сафар кардааст. Эҳтимол ин акс ҳам зимни яке аз ин сафарҳо бардошта шуда бошад.

Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон 190 — солагии Аҳмади Донишро ҷашн мегирад ва ба наздикӣ гузаронидани як конфронси байналмилалӣ низ дар Академияи илмҳо дар назар аст. Пайдо шудани акси Аҳмади Дониш дар остонаи ин чорабиниҳо, агар воқеан акс аз Аҳмади Дониш бошад, туҳфае хубест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *