Тобути Шӯҳрат Нурматовро аз Русия оварданд
Шӯҳрат Нурматов ҳамагӣ се моҳ пеш — моҳи май бо пои худ барои мардикорӣ ба Русия рафту 22 август аз он мулки мусофирӣ тобути ӯро оварданд. Дили Шӯҳрат Нурматов шабона дар хобаш аз задан монд ва риштаи умри ӯ дар синни 54-солагӣ дур аз Ватан канда шуд.
Зоиршо Нурматов, фарзанди ин муҳоҷири марҳуми тоҷик мегӯяд, вазъи саломатии падараш қабл аз марг хуб буд, танҳо фишори хун дошт, ки гоҳ-гоҳ баланд мешуд: «Якбора дилаш аз тапидан монд ва марги падар бароям ногаҳонӣ буд. Падарам ҳамроҳи амакам рӯзи 20 август ба тамошои шаҳр рафта, бо табъи хуш баргаштанд. Вале ними шаб ҳангоми хоб ба овоз баровардан оғоз кард. Парешонҳол падарамро нигаристам. Ӯ дар ҳамон лаҳзаи овозбарорӣ моро тарк кардааст. Ёрии таъҷилӣ омад ва гуфт, ки у аллакай аз дунё чашм пӯшидааст.»
Ҷасади ин муҳоҷири сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Аштро писару бародаронаш рӯзи 22 август ба Тоҷикистон оварданд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз Шӯҳрат Нурматовро дар оромгоҳи зодгоҳаш ба хок супориданд.
Зоиршо гуфт, ки ӯ дар оила якаписар аст ва се хоҳар дорад. Падараш 11 октябри соли 1963 ба дунё омадааст ва шаҳрвандии Русияро низ дорад. Тақрибан 25 сол инҷониб падари Зоиршо ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт.
Шӯҳрат Нурматов зери 30 сол дошт, ки бори аввал барои мардикорӣ роҳи Русияро пеш гирифт. Ӯ он вақт фикр дошт, ки як ё д усол мераваду камбудиҳои рӯзгорашро буд мекунад ва бо ҳамин тамом. Бехабар аз он ки ин азобу машаққати мардикорӣ то поёни умраш давом мекунад ва ҳатто аҷал низ дар мулки мусофират ба суроғаш хоҳад омад.
Бадбахтии дигар ин аст, ки акнун ин эстафетаи мардикорӣ дар Русия ба дасти фарзандони ин мард хоҳанд гузашт…
Зоиршо дар Понғоз шуғли омӯзгори тарбияи ҷисмонист ва овозхонӣ ҳам мекунад. Ӯ тоза моҳи июли соли ҷорӣ барои кӯмак ба падараш ба Русия рафт. Бехабар аз онки моҳе баъд аз он мулки мусофират тобути падар дар рӯи даст бар мегардад.
Тайи чанд соли охир муҳоҷирони ин ҷамоат дар Русия зиёд аз олам чашм мепӯшанд. Тангии рӯзгор ва надоштани даромад сокинони ҷамоатро маҷбур месозад, ки муҳоҷирати корӣ раванд, бо умеди дарёфти як бурда нони рӯзгор, аммо онҳоро дар Русия чи кору пайомаде интизор аст номаълум. Бисёриҳо ба вазъи саломатияшон нигоҳ накарда муҳоҷират мераванд ва ҷасади онҳоро наздиконашон пешвоз мегиранд.
Бисёре аз муҳоҷирон баъди баргаштан ба Тоҷикистон барои табобат дар беморхона бистарӣ мешаванд. Ва бештари онҳо аз дарди миёну, шикастани дасту пой шикоят мекунанд. Бархеи онҳо мегӯянд, баландии намнокӣ дар Русия боиси бемор шуданашон мегардад.
Табибон мегӯянд, иқлими дигаргун ва нисбат ба Тоҷикистон қаҳратунтари Русия, дастрас набудани хадамоти лозими тиббӣ барои муҳоҷирон ва ҳолати фишори равоние, ки ҳам аз таъқиби пайвастаи мақомоти мухталифи Русия ва ҳам аз азоби дурӣ аз наздикон маншаъ мегирад, аксари муҳоҷирони тоҷикро дар Русия дар як вазъи аз нигоҳи саломатӣ осебпазире қарор медиҳад ва мо дар натиҷа мебинем, ки бисёрии муҳоҷирони тоҷик хеле бармаҳал аз олам чашм мепӯшанд ваё ба як бастаи бузурги маризиҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар он мулки мусофирӣ то се муҳоҷири тоҷик аз дунё чашм мепӯшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ