Сайфиддин Назарзода шабакаи аввалро ба суд дод

Мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода шабакаи телевизюнии «Тоҷикистон»-ро барои туҳмат ба додгоҳ кашидааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сайфиддин Назарзода мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чанде пеш барои нақзи Қонуни танзим аз симаташ барканор шуда буд, шабакаи телевизюнии «Тоҷикистон»-ро ба додгоҳ кашидааст.

Дар ин бора як манбаъи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ҷузъиёти бештари ин қазияро манбаъ ифшо накардааст.

Диловар Вализода: Чаро дар Тоҷикистон ба ҷои салла калларо мебаранд?

Худи Назарзода ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки оё ин хабар рост аст, посухе надод ва гуфт вақте барои суҳбат надорад.

Чанде пеш Сайфиддин Назарзода бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташ барканор шуда буд. Далели барканории ӯ як барномаи телевизюнии «Тоҷикистон» гардид, ки дар он ҷашни домодии писараш намоиш дода мешуд.

Худи Назарзода пас аз ин барнома дар сафҳаи расмиаш вокуниш нишон дода, мақолае бо номи «ҲАСАД Ё БУХЛ?!!» навишт  ва эродҳои шабакаи телевизюниро «аз ҳақиқат дур» унвон кард.

Имрӯз аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ислоҳҳо ворид карда шуданд. Мувофиқи он мансабдороне, ки ин қонунро нақз мекунанд, аз вазифа сабукдӯш мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *