Токаев ба интихоботи президентӣ номзад шуд

Ҳизби ҳокими “Нур Отан” номзадии Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистонро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.

Ҳизби ҳокими “Нур Отан” номзадии Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистонро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.

Имрӯз, 23 апрел дар Анҷумани ғайринавбатии 19-уми ҳизби ҳокими “Нур Отан”  Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон номзадии Қосим Ҷомарт Токаевро барои ширкат дар интихоботи президентӣ дар ин кишвар пешбарӣ намуд.

Вай аз Токаев ҳамчун як чеҳраи сиёсии маъруф ва номзади арзанда ба интихоботи президентӣ ситоиш кард.

Рӯзи 22 апрел Ҷунбиши ҷумҳуривии “Улу Дала Қирандари” асноди номзади нахустин ба интихоботи президентӣ-журналист Садибек Тугелро ба Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон супурд.

Пешбарии номзадҳо ба ин интихобот то 28 апрел идома хоҳад дошт.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *