Сардори Хадамоти зиддиинҳисориро аз вазифа гирифтанд

Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳамчунин Вализода Икромиддин Сироҷиддин сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукмиддинзода Хайриддин Ҳукмиддин муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шуд.

Исмоилзода Хуршед Исмоил аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Абдуалимзода Абдукарим бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *