Толеъномаи 01 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи пур аз рӯйдодҳо шуморо интизор аст. Бояд корҳои нотамоми хешро ба анҷом расонед, зеро нимаи дувуми рӯз сафари хотирмоне дар назар аст. Бо рашку гумонҳои беҳуда дилдодаатонро аз худ дур накунед. Синну сол ва набудани вақтро баҳона накунед ва ба обу тоби бадан машғул шавед то ҷисми мавзун ва саломатии хуб дошта бошед. Даромади пулӣ дар назар аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Чи гуна ранг гирифтани ҳодисаву воқеаҳо давоми рӯз аз табъи шумо вобастаги дорад. Агар табъи болида дошта бошед дар ҳар торикие нуқтаи нурро пайдо хоҳед кард. Бо дӯстон ва наздикон хушмуомила бошед онҳо шуморо дастгирӣ хоҳанд кард.  Дар ҳолати хушҳолӣ ё сари ҷаҳл ба касе чизе ваъда надиҳед. Охири рӯз пешниҳоди ҷолибе мегиред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои бастани қарордоҳои муҳим мусоид аст. Ҳар навгоние дар кор натиҷаи хуб медиҳад. Дар ҳаёти шахсиатон бошад каме мушкиливу дилмондагиҳо ба миён меоянд. Ҷанҷоли ҳамсар ва волидайн шуморо дар байни обу оташ қарор медиҳад. Аз лиҳози иқтисодӣ айёми хеле номусоид аст, даромади пули кам, аммо эҳтиёҷ ба хароҷот зиёд мешавад. Ба шиносҳои наватон сиру асрори хешро бовар накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳарчанд ба назаратон чунин менамояд, ки шуморо дар оила намефаҳманд ва нуқтаи назаратонро ба инобат намегиранд дар асл чунин нест. Айни ҳол шумо ба эҳсосот дода шуда бештар на аз рӯйи ақл, балки аз рӯйи ҳис амал мекунед.  Дӯстдоштаатон ба амале даст мезанад ва  ин кор  ҳақ будани волидайнатонро тасдиқ мекунад. Барои рафъи асабоният  ба деҳа сафар кунед. Ҳавои тоза ва ғизои табии он ба шумо фоида меоварад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Давоми рӯз як қатор мушкиливу маҳдудиятҳо садди роҳатон мегардад. Вале бо кумаки ҳамсаратон мушкилотҳоро паси сар мекунед. Эҳтимол дар яке аз маъракаҳое, ки нимаи дувуми рӯз меравед саломатиатон ба таври ногаҳонӣ бад шавад. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва хӯрокҳои ношинос парҳез кунед. Барои ворид намудани навгонӣ ба ҳаёти шахсӣ бояд пеш аз ҳама намуди зоҳириатонро тағйир диҳед. Масалан ороиши мӯй, усули либоспӯшӣ.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз қарз додан ва ё гирифтанро ба сунбулаҳо тавсия намедиҳем, зеро метавонад сабаби муноқишаи калоне байни шумо ва дӯсти наздикатон гардад. Дар коргоҳ ягон навгоние ба назар намерасад. Ба он чизе, ки истеъмол мекунед бештар аҳамият диҳед то бемориҳои ирсӣ авҷ нагиранд.  Барои беҳтар намудани вазъи рӯҳиатон бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кунед, аз ҷойҳои ҷамъиятӣ дур бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз ба масъалаҳои хонаводагӣ дода шуда, супориши роҳбарро сари вақт иҷро карда наметавонед. Бинобар ин аз роҳбар гап мешунавед. Хуб мебуд агар дар ҷавоби сахтгапии ӯ эътироз баён накунед вагарна аз кор бекор шуданатон мумкин. Баро ба даст овардини дили ёри ранҷида шоми имрӯз мувофиқ аст. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Табиат ба шумо ҷозибаи махсусе додааст, ки ба шарофати он намояндагони ҷинси муқобилро бо як нигоҳ волаву шайдои хеш мегардонед. Аммо худи шуморо ошиқ гардонидан мушкил аст. Чун шумо дӯстдори варзиш ҳастед нимаи дувуми рӯз аз хабари бурди командаи дӯстдоштаатон шод мегардед. Рӯз барои сафари роҳҳои дур номусоид аст. Ба маъракаи одамоне, ки нағз намешиносед наравед.  Саломатиатон давоми ҳафта шуморо ташвиш намедиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз воқеъаҳое рух медиҳанд,ки шуморо маҷбур месозанд то ба зиндагиатон аз нуқтаи дигар назар афканед, бисёр камбудиҳоятонро дарк хоҳед кард ва ҳар он чизе, ки аз даст дода будед ба даст меоваред.  Кори оғознамудаатон шуморо ҳам соҳиби пул ва ҳам соҳиби обрӯ мегардонад. Ҳангоми ронандагӣ эҳтиёткор бошед то ҷароҳат набардоред ё боиси ҷароҳат бардоштани дигаре нагардед. Дар ҷодаи ишқу ошиқӣ низ комёбиҳо шуморо мунтазиранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Новобаста ба хуб набудани вазъи саломатиатон худро пурра ба кор додаед. Бояд нисбат ба саломатии хеш бепарво набошед, зеро бо чунин аҳвол зиёд кор карда наметавонед ва ҳатто аз пой афтода тамоман бекор монданатон мумкин.  Нимаи дувуми рӯз бо дастгирии шумо мушкили яке аз пайвандон ҳал мешавад.Охири ҳафта ба хонаатон аз роҳи дур меҳмонон меоянд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бисёриҳо ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд, аммо касе дар мавриди ниёзҳои шумо андеша намекунад. Аз одамони маккору фиребгар дур бошед, онҳо ҳассосу эҳсосотӣ будани шуморо медонанд аз ин сӯистифода мекунанд. Дар ҳама ҳолат кӯшиш кунед, ки оромиро аз даст надиҳед вагарна аз ҳолати ясъу навмедӣ баромаданатон мушкил мешавад. Ҳарчанд пешниҳодҳои шумо аз тарафи роҳбар рад карда шаванд ҳам ақибнишинӣ накунед ва пешниҳодҳои нав ба навро пешкаш кунед. Ки медонад шояд роҳбар қавииродагии шуморо санҷидан мехоҳад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳарчанд хастаед ва дилатон роҳат мехоҳад, аммо наметавонед. Зеро маҷбӯр мешавед, ки дар баробари мушкилоти хеш мушкилоти дигаронро низ ҳал созед. Илова бар дар бисёр маврид ба ҷойи миннатдорӣ эрод ва танқид ҳам мешунавед. Мушкилоти иқтисодӣ шуморо ором намегузорад кӯшиш кунед рӯҳафтода нашавед  ва роҳҳои кам намудани хароҷотро пайдо кунед.  Охири рӯз бо ҳамсафари ҳаётиатон каме гапатон мегурезад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *