Ёқубов: Падарам тӯйи хоҳарамро ба мотам табдил дод

31 март рӯзи тӯйи арӯсии хоҳарам дар хонаамон мотам барпо шуд.  Оши наҳор додагӣ буд, аммо аз оши тӯй то никоҳ падарам тӯйро ба мотам табдил дод.  Як моҳ боз тамоми мардуми ноҳия ва вилоят як гап доранд:- Дар ноҳияи Спитамен ако додарашро куштааст.  Аммо ин куштор қасдона не,   тасодуф аст.  Рӯзи ҳодиса барои хабаркунии ёру дӯстон рафтам ва падарам дар хона буд.  Аслан аз занги ёру дӯстон озурда шудаам, зеро ҳар гоҳ ки ба кор равам ҳатман ҳамон рӯз милиса ё  ягон нафар занг зада мегӯяд, ки биёву падаратро ба хонаатон бар, ки  дар фалон ҷо ба фалонӣ  ҷангу ҷидол карда истодааст, масту аласт аст…нақл кард писари Олим Ёқубов (марде, ки аз дасти бародари худ кушта шуд)- Искандар Ёқубов.  

-Ҳамон рӯз чун  доимӣ дӯстону ҳамсояҳо не, балки ҳамсарам занг заду гуфт: Мардак,  тез биёед, ки амакам бетоб. Ҳамаи хешонро ба тӯй хабар надода  давида хона омад, ки падарам беҳуш дар таги дарахти рӯӯи ҳавӣ хобидааст. Ӯ ки бемории  эпилепсия дошт фикр кардам, ки аз ҳамин хотир беҳуш аст. Чумчаро гирифта омадам, ки забонашро ба пеш кашам то ба худ ояд, аммо…

 Идомаро дар шумораи баъдии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа намоед.

Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *