Ҳамлаи хунбор “Толибон” аз ҳама бештар журналистонро куштанд

 

Бар асари ду ҳамлаи субҳи душанбеи 30-юми апрел дар шаҳри Кобул, 21 нафар кушта ва ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шуд.

Таркиши аввал дар минтақае бо номи «Шаш дарак» дар наздикиҳои идораи Раёсати амнияти миллии Афғонистон рух додааст. Дар таркиши дувум, ки ҳудуди ним соат баъд рух дод, аз ҳама бештар хабарнигорон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, ҳамлакунандаи дувуми интиҳорӣ худро хабарнигор муаррифӣ карда ва бо худ камераи наворбардорӣ доштааст. Дар миёни кушташудаҳои ин ҳодиса Ибодуллоҳ Ҳанонзай ва Муҳаррам Дурронӣ ва Сабовун Кокар, хабарнигорони бахши афғонистонии Радиои Озодӣ низ ҳастанд.Дар ин ҳодиса наворбардори шабакаи “Ал Ҷазира” кушта шудааст. Хабаргузориҳои дигар аз кушта шудани як аксбардори «Франс-пресс» иттилоъ доданд. Масъулони телевизиони «Тулӯъ» гуфтаанд, ки дар ин ҳамла як аксбардор ва як хабарнигори ин шабака захмӣ шудаанд.Як хабарнигор дар маҳали ҳодиса гуфтааст, ки ҷасадҳои се хабарнигор (аккоси Франс-пресс, Телевизиони 1 ва Телевизиони Жундунро) дидааст. Сухангӯи пулиси Кобул Ҳашмат Станекзай гуфтааст, ки дар таркишҳо чаҳор пулис ҳам кушта шуданд.Дар як баёния, ки онро хабаргузории «Аъмоқ» ба нашр расонд, гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Нерӯҳои НАТО дар як баёния ин ҳамлаи интиҳориро маҳкум кардаанд.Тибқи иттилои расида аз Афғонистон, гурӯҳи Толибон тайи рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳамлаҳои густурдаеро дар вилоятҳои шимолии он кишвар, аз ҷумла Бадахшон, Тахор ва Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон, роҳандозӣ кардаанд. Ин гурӯҳи тундрав чанд рӯзи пеш аз оғози амалиёти баҳорӣ бо номи «Хандақ», хабар дода буд.Бархе аз вакилони порлумони Афғонистон гуфтаанд, ки аз оғози роҳандозии ин амалиёт, Толибон ба даҳ ноҳия ё вулусволӣ дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд.​Абдулло Ноҷӣ Назарӣ, як узви Шӯрои вилояти Бадахшон гуфтааст, ки Толибон ба ҳафт ноҳия, аз ҷумла ба минтақаҳои Кӯҳистон, Роғистон ва Тешкони ин вилоят юриш бурданд. Ба гуфтаи вай, Толибон дар ҷараёни ҳамла бахше аз ноҳияи Тешконро тасарруф кардаанд. Ин масъули Шӯрои вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ноҳияҳои Тагоб, Дароим ва Аргу низ зери таҳдиди ҳамлаҳои Толибон қарор доранд.Аммо дар вилояти Кундуз Толибон ҳамлаҳояшонро ба минтақаҳои Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол оғоз кардаанд. Амриддин Валӣ, як узви Шӯрои вилояти Кундуз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз оғози амалиёти «Хандақ»-и Толибон, ин гурӯҳ дар Дашти Арчӣ ба як постгоҳи артиши миллӣ ҳамла карданд ва тақрибан 12 сарбозро куштанд ва баъдан ба минтақаи Қалъаи Зол ҳуҷум бурданд ва вориди бозори Оқтеппа шуданд.Дар ҳамин ҳол, Халил Асир, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Тахор рӯзи якшанбеи 29-уми апрел гуфт, ки ҳамлаҳои Толибон дар вулусволӣ ё ноҳияи Янгиқалъа ва Ишкамиш ақиб зада шуд, аммо ин гурӯҳ ду постоҳро дар минтақаи Хоҷа Ғор тасарруф карданд. Афроди Толибон бо контроли ин ноҳия метавонанд чандин минтақаҳои атрофро таҳдид кунанд.Аммо дар вилояти Балх масъулони маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар амалиёти нерӯҳои афғон тайи рӯзҳои ахир наздик ба сад узви гурӯҳи Толибон кушта шуданд. Мунир Фарҳод,сухангӯи волии Балх рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлаҳои Толибон болои ноҳияҳои Чаҳорбулдак ва Чатмол ақиб зада шуд ва дар рӯзҳои наздик деҳаҳои ин ду вулусволӣ ба таври комил аз тасарруфи Толибон хориҷ хоҳанд шуд.Аммо дар вилояти Форёб Толибон бахшҳое аз як минтақаи муҳимро ба тасарруфи худ даровардаанд. Фатҳуллоҳ Қайсорӣ, намояндаи Форёб дар порлумони Афғонистон рӯзи якшанбеи 29-уми апрел гуфт, ки Толибон ба минтақҳои Пулчароғ ва Алмор ҳамла карданд. Ба гуфтаи вай, дар ин амалиёт Толибон як фармондеҳи маҳаллиро куштанд ва бахшҳое Алморро тасарруф намуданд.Ин ҳама дар ҳолест, ки Толибон ҳудуди шаш рӯз пеш бо нашри як эъломия аз оғози амалиёти баҳориашон бо номи «Ал-Хандақ», хабар дод. Вазорати дифои Афғонистон пас аз нашри ин эъломия, онро намоишӣ ва таблиғотӣ хонд. Мақомҳои амниятии афғон мегӯянд, ки низомиёни кишвар дар ҳама бахшҳои Афғонистон барои саркӯби мухолифон омодаанд.Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, нерӯҳои мусаллаҳ дар вокуниш ба амалиёти Толибон, дар 11 вилояти кишвар 12 амалиёти низомӣ роҳандозӣ кардаанд. Муҳаммад Родманиш, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 29-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст,ки  дар 24 соати ахир ҳудуди 100 тан аз мухолифони мусаллаҳ аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.Ҳамлаи густурдаи Толибон дар вилоятҳои шимоли Афғонистон дар ҳолест, ки рӯзи шанбеи 28-уми апрел Сенати он кишвар аз бетаваҷҷуҳии ниҳодҳои амниятӣ дар ҷилавгирӣ аз ин амалалиётҳо, интиқод кардааст. Муҳаммадалам Эзидёр, муовини аввали Сенати Афғорнистон дар ин нишасти умумӣ гуфтааст, ҳукумат бояд тадбирҳои ҷиддиро барои ақиб задани Толибон рӯи даст бигирад.Ҳамлаҳои густурдаи Толибон дар ҳолест, ки то интихоботи порлумонии Афғонистон ва шӯроҳои ноҳиявӣ ҳамагӣ панҷ моҳи дигар мондааст ва низомиёни ин кишвар то ба ҳол ҳеҷ яке аз минтақаҳои ин кишварро ба таври комил поксозӣ накардаанд ва ҳамлаҳои Толибон ҳам афзоиш ёфтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *