Каримова ду кӯдакашро буғи карда кушт (Видео)

Як зани 27-сола аз шаҳри Нижний Новгороди Русия фарзандони хурдсолаш – Хадиҷаи чорсола ва Сулаймони дусоларо дар дохили мошин буғӣ карда кушта, сипас ҷасади ҳарду фарзандашро дар як амбори берун аз шаҳр оташ задааст. Елена Каримова дар шарҳи ин ҷинояти бераҳмонааш гуфт, аз ӯҳдаи таъмини зиндагии кӯдакон намебаромад. Вале маълум шуд, ки ӯ ҳар моҳ фақат барои иҷораи мошин 40 ҳазор рубл сарф карда, пеш аз куштани тифлони бегуноҳ ба як осоишгоҳ роҳхат харида будааст…

Рӯзи 27 апрел аз дохили як амбори меваву сабзавоти оташгирифта дар наздикии деҳаи Осинкии ноҳияи Семёнови вилояти Нижний Новгороди Русия ҷасадҳои сӯхтаи ду кӯдаки хурдсолро пайдо карданд. Мақомот баъди чанд соати ёфтани ҷасадҳо бо гумони даст доштан дар куштори бераҳмонаи ин ду кӯдак модари онҳо – сокини шаҳри Нижний Новгород Елена Каримоваро дастгир карданд.

Дар раёсати тафтишоти вилояти Нижний Новгород  гуфтаанд, ки аз шунидани ҷузъиёти ин ҳодиса мӯи сари ҳатто муфаттишон сих мешавад: «Бино ба гуфтаи муфтаттишон, субҳи 25 апрел ин зан дар кӯчаи Бусигини ноҳияи Автозаводскийи шаҳри Нижний Новгород дар курсии қафоии мошини тамғаи «Киа”, ки ӯ ба иҷора гирифта буд, бо дастони худ духтари чорсола ва писари дусолаашро буғӣ карда, куштааст. Сипас аз як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ маводи сӯхт харида, ба як ҷангал дар наздикии деҳаи Шалдежи ноҳияи Семёнов рафта, ҷасадҳои кӯдаконро оташ мезанад. Вале аз тарси инки мабодо шикорчиён ӯро бубинанд, оатшро хомӯш карда, ҷасадҳоро боз ба мошинаш бор карда, ба шаҳр бармегардад.”

Рӯзи дигар – 26 апрел, мегӯянд муфаттишон, ӯ бо ҳамон мошин ҷасадҳои кӯдаконашро боз ба ноҳияи Семёнов бурда, ин бор дар дар дохили амборе, ки истифода намешуд, оташ мезанад ва аз ҷои ҳодиса фирор мекунад

Ҷасадҳоро сокинони маҳаллӣ ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар ин амбор пайдо кардаанд. Ба дунбол билофосила гуруӯҳи фаврии тафтишотӣ ташкил шуда, таъқиби қотил оғоз ёфт.

Дар раёсати тафтишоти вилояти Нижний Новгород гуфтаанд, ки қотилро бо кумаки аҳолӣ пайдо карданд: «Тавассути телевизиони маҳаллӣ аз тамоми ронандагон дархост шуд, ки сабти видеорегистраторҳои мошинҳои худро тафтиш кунанд ва бо диққат бубинанд, ки оё рӯзи 26 апрел дар наздикии маҳалли ҳодиса ягон мошини шубҳаовар дида мешавад? Як ронанда сабтеро овард, ки аз ҳузури як мошини тамғаи «Киа” дар он минтақа дарак медод. Он тараф муайян кардани соҳиби мошин ва боздошти ӯ хеле осон буд.”

Зани гумонбар дар ин куштори бераҳмона Елена Каримова, сокини 27-солаи Нижний Новгород буда, духтари чорсолааш Хадиҷа ва писари дусолааш Сулаймон ном доштаанд.

Елена Каримова ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки азбаски барои кӯдаконаш як ҳаёти шоистаро таъмин карда наметавонист, даст ба қатли онҳо зад. Елена Каримова аз шавҳараш ҷудо шуда ва дар ҳақиқат дар ягон ҷо кор намекунад.

Вале тарзи зиндагии бошукуҳи ин зан муфаттишонро ба фарзияи мушкилоти рӯзгор доштани ӯ машкук кардааст. Елена Каримова ҳар моҳ фақат барои иҷораи мошин 40 ҳазор рубл пардохт мекард ва қабл аз куштани кӯдаконаш ба як осоишгоҳ роҳхат харида буд.

Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки зоҳиран кӯдакон барои сафари ин зан ба осоишгоҳ халал мерасонданд. Вале наздикони Елена Каримова мегӯянд, ки ба бовари онҳо, ӯ шояд ақлашро дар он лаҳза аз даст дода бошад, вагарна кӯдаконашро хеле дӯст медошт ва духтарашро барои мисол, бо навозиш ҳамеша «Хадижка” ном мегирифт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *