Толеъномаи 02 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз шуморо ҳодисаву лаҳзаҳои зиёди гуворо интизоранд. Аз муноқишаву моҷаро дурӣ ҷуед. Бо нафаре шинос мешавед, ки дар оянда боиси равнақу ривоҷи кори шумо мегардад. Аз истеъмоли хӯрокҳои нимпази кӯчагӣ бипарҳезед. Мулдоқоти ошиқона бобарор намешавад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Табъи болидаатон ба шумо кумак мерасонад, ки ба осонӣ ҳам мушкилоти шахсӣ ва ҳам мушкилоти касбиро рафъ созедБо рақибон муноқиша карда ягон муродатон ҳосил намешавад, аз рӯйи мақоли “Дӯстонро наздик дору дӯшманонро наздиктар” амал намоед. Агар асабонӣ шавед эҳтимоли бемор шуданатон зиёд мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аз рафтан ба чорабиниҳои ва ҷойҳои сериздиҳом худдорӣ намоед. Масъалаҳои оилавӣ шуморо имрӯз ба ташвиш меоваранд.  Барои бартараф намудани шубҳаву гумонҳо нисбати дилдодаатон дақиқии овозаҳои шунидаатонро санҷида бинед. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз хоҳу нохоҳ бояд барои наздикони худ пул сарф кунед. Ҳарчанд шароити иқтисодиатон бад нест, лекин боз ҳам пули калон сарф карданро тавсия намедиҳем.  Дар ягон ҳолат ҳатто хурдарин қоидавайронкунӣ роҳ надиҳед, ки мушкилоти калоне ба саратон меорад. Аз нӯшокиҳои спиртӣ дур бошед беҳтар.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз рафтори ноҷои дӯстатон асабатон хароб гаштаву нақшаҳоятон барбод меравад. Барои ба ҳадаф расидан бояд зиёд ҷидду ҷаҳд кунед. Дар оилаатон воқеъае рух медиҳад, ки боиси болида гаштани табъи шумо хоҳад гашт.  Шом барои ба меҳмонӣ рафтан мувофиқ аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Эҳтимол имрӯз ифтихорнома ё мукофотпулӣ гиред. Якравиро канор гузоред ва баҳудаву беҳуда ба асабҳои шахси дӯстдоштаатон нарасед. Дар ҳолати ғайр нафари ҳалиму меҳрубонтаре метавонад ӯро аз шумо бигирад. Дар сафари хизматӣ танҳо шарикони озмудаатонро ҳамроҳ бигиред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои ба даст овардани курсии мансаб бояд ба ҳар роҳе ба боварии роҳбар дароед.  Ҳамрҳи худ гардонидани маблағи калонро тавсия намедиҳем. Нимат дувуми рӯз ба таври ногаҳонӣ фишоратон боло рафта каме худро нороҳат ҳис мекунед, бинобар ин доруҳоятонро ҳамроҳ гиред. Шояд каме дар муошират бо волидайн дуруштрафторӣ кардаед ӯзр пурсиданро фаромуш насозед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имкониятҳои иқтисодиатон хуб мешаванд. Ба коре даст мезанед, ки боиси даромади зиёд ба даст оварданатон мегардад. Нисбат ба ҳамсафари ҳаётиатон бемеҳриву бетаваҷӯҳӣ накунед. Фаромӯш насозед, ки дар тангдастиҳо ӯ ҳамроҳи шумо буд на дӯстону оимчаҳои нав.  Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Гуфтори кинояомез ва дағалии шумо боиси озори яке аз наздикон мегардад. Бояд на танҳо ба гуфтору рафтор, балки ба тамоми намуди зоҳирии хеш навгонӣ ворид кунед. Инсон ҳар чизе, ки ба атрофиён медиҳад ҳамонро дар ҷавоб мегирад. Аз пурхӯрӣ бипарҳезед.Шуморо вохӯрии ошиқона дар пеш аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯз барои сафари корӣ мувофиқ набуда шартномаҳо бе имзо мемонанд. Барои сафари корӣ мулоқотҳои ошиқона ва хариди таҷҳизоти хона бошад фурсати қулай аст. Шом бо дӯстдоштаи худ муноқиша накунед, вагарна оштишавиятон тул мекашад. Барои болидарӯҳӣ дар ҳавои тоза бештар сайру гашт кунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ҳангоми харид кӯшиши беҳудаи сарфа кардани пулро накунед, зеро ин амалатон боиси хароҷоти дубора мегардад. Беҳуда намегӯянд, ки “Чизи арзон бе иллат намешавад” Аз дӯстдоштаи худ зиёд талаб накунед махсусан дар ҳоле, ки худатон ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯ нестед.  Аз истеъмоли зиёди ширинӣ бипарҳезед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар оилаатон муноқишае рух медиҳад, агар шумо аз сирру асрори воқифбудаатон сухан накунед ин муноқиша ба хубӣ ҳал хоҳад шуд. Рӯз барои мулоқоти ошиқона созгор нест. Ҳарчанд роҳбар ноҳақ бошад ҳам дар ин рӯз бо вай баҳс накунед беҳтар аст.  Варзиши сабук барои оромии асабҳо фоидаовар мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *