Фошкориҳои “Диссернет” идома дорад

 

Пойгоҳи «Диссернет” рӯзи 1 май Баҳром Исматуллоев – сардори раёсати гумруки вилояти Суғди Тоҷикистонро низ ба асардуздӣ айбдор кард. Исматуллоев, бино ба хулосаи «Диссернет” рисолаи номзадиашро аз рисолаҳои Ихтиёр Ашӯров ва 4 олими рус рӯбардор карда, мисли дигарон дар матн фақат Русияро ба Тоҷикистон иваз кардааст. Роҳбари илмии Исматуллоев низ Ҷалил Пириев будааст, ки алакай 7 «шогирд”-аш ба асардуздӣ айбдор мешаванд. Баҳром Исматуллоев – сардори раёсати гумруки вилояти Суғди Тоҷикистон 31-умин олими тоҷик шуд, ки аз ҷониби пойгоҳи «Диссернет” ба плагиат (асардуздӣ) айбдор мешавад.Исматуллоев 15 июни соли 2009 дар Шӯрои диссертатсионии бо чандин мавриди асардуздӣ бадномшудаи Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии кишлоқи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи «Совершенствование системы налогообложения сельского хозяйства Республики Таджикистан” рисолаашро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шудааст. Роҳбари илмии ӯ Пириев Ҷалил Сафарович будааст. Ҷолиб ин аст, ки алакай 7 нафар аз олимоне, ки таҳти раҳбарии Пириев Ҷалил рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд, ба асардуздӣ айбдор мешаванд, ки ин ба сари худ рекорди бесобиқа аст.Бар асоси таҳқиқи «Диссернет”, Баҳром Исматуллоев рисолаи номзадиашро аз рисолаи Ихтиёр Ашӯров – собиқ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва 4 олими Русия – Валерий Гаевский, Юлия Колмагорова, Андрей Паптсов ва Пётр Трубитсин рӯбардор кардааст. «Навоварии илмӣ”-и Баҳром Исматуллоев дар ин рисола асосан бо иваз кардани вожаи Русия бо Тоҷикистон тамом мешавад. Вале ӯ дар «мутобиқ” сохтани матни рисолааш ба шароити Тоҷикистон «танбалӣ” карда, ҳар омори марбут ба Русияро бе каму кост ҳамчун омори Тоҷикистон нишон додаааст.Исматуллоев дар як ҷои рисолааш ҳатто як таҷрубаи андозбандӣ дар ноҳияи Лисогорскийи Русияро ҳамчун таҳқиқоти худ ба қалам додааст:

4) Трубицын П.И. (2002), стр. 115: «Анализ результатов введения специального налогового режима – переход на единый совокупный (земельный) налог на территории Лысогорского района позволил: … — увеличить собираемость налогов в бюджеты и государственные внебюджетные фонды до 87% от начисленных сумм (при 57% в среднем по Саратовской области); …».
Исматуллоев Б.А. (2009), стр. 131: «Анализ результатов введения специального налогового режима – переход на единый совокупный (земельный) налог на территории Лысогорского района позволил: … — увеличить собираемость налогов в бюджеты и государственные внебюджетные фонды до 87% от начисленных; …».

Пойгоҳи «Диссернет”, ки бо ифшои асардуздиҳои олимони Русия, аз ҷумла мансабдорони баландпояи он кишвар ном бароварда буд, дар ин авохир ба мавридҳои плагиат аз ҷониби олимони тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд нишон медиҳад. Сергей Пархоменко, яке аз асосгузорони «Диссернет” гуфт, «мо нав кони олимони тоҷикро пайдо кардем.” Як масъули дигари «Диссернет” гуфт, дар Тоҷикистон се Шӯрои диссертатсиониро ошкор кардаанд, ки мисли конвейер ба «истеҳсол”-и олимон машғул мебошанд.То имрӯз «Диссернет” дастикам 31 олим аз Тоҷикистонро ба асардуздӣ айбдор кардааст

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *