Толеъномаи 1 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ба коре, ки дар он таҷрибаву тасаввурот надароед, даст назанед, вагарна бар замми бепул монданатон хандахариши дўсту душман мегардед. Барои он ки фишори хунатон ба эътидол ояд, бояд аз ҷойҳои серодаму серғавғо дурӣ ҷўед. Дар ин рўз ба одамони ношинос бовар накунед. Аз пайи ошиқатон назорат баред, дурўғашро фош намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Бо дили пур аз пайи пулкоркунӣ шавед, барор ҳамсафари шумо мегардад. Нисбати дўстдоштаатон фикри бад накунед, барои дилпур будан ўро танҳо нагузоред. Бо сабабҳои номаълум ҳаққи хизмати худро  дар ин рўз гирифта наметавонед. Бегоҳирўзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад, аз ин хотир ба меҳмонӣ наравед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рўз ба осонӣ ба доми ҳаннотону фиребгарон меафтед. Масъалаҳои пулии худро бо нафари босавод ҳаллу фасл намоед. Бо мошин ба сафар баромаданро маслиҳат намедиҳем. Ба овозаҳое, ки дар бораи ошиқатон мешунавед, бовар накунед, муҳим он аст, ки шумо ўро дўст медоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рўз на танҳо ба кўмаки дўстон, балки ба дастгирии хешу ақрабо низ ниёз пайдо мекунед. Агар кори саркардаи шумо маблағи калонро талаб мекарда бошад, ҳангоми имзогузорӣ дар ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Нисбати дўстдоштаатон танқидро раво набинед, беҳтараш камбудиҳои худро ҷўед. Хатари шамол хўрдану рӯ задани бемориҳои инфексионӣ вуҷуд дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз ҷониби роҳбарият дағаливу танқид шунавед ҳам, дар ҷавоб боодобона посух гўед. Асадҳои муҷарраде, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, саросема шуда фикри оиладоршавӣ накунед. Барои он ки дўсти наздикатон ба душман мубаддал нагардад, ба ў қарз надиҳед. Рашки ҳамсаратон табъатонро хира месозад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рўз маблағи хуб ба даст меоред. Ташаббусро аз даст надода, ба умеди касе нашавед, танҳо ба кўмаки худ умед бандед. Дўстону наздикон ба қадри некиҳоятон мерасанд. Дар оилаатон ҳодисае рух медиҳад, ки тамоми нияту нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд. Дарди миёнро бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рўзи пур аз нохушиву нобарориҳост. Ҳодисаҳои нохуш, бемориҳо, ҷароҳат  бардоштану аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Аз робита бо одамон худдорӣ намоед, бо касе шинос нашавед. Танҳо дар оғўши шахси дўстдоштаатон оромиву нишот меёбед. Бо асаби хароб ҷони наздиконро ба лаб меоред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рўзи бе рўйдод аст. Ба касеву чизе дил набандед. Бо кори даромаднок машғул шавед, ба наздикӣ ба пул эҳтиёҷи сахт пайдо мекунед. Фикри тиҷорати шахсиро накунед, вагарна пули калонро аз даст медиҳед. Бо вуҷуди баъзе  ногувориҳо саломатиятон дар ин рўз бад нест. Аз муошират бо шахси дўстдоштаатон фишори руҳӣ рафъ мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Хеле рўзи вазнин аст, ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Мустақилона амал кунед, ҳатто маслиҳати шахси бароятон азиз оқибати нохуш ба бор меорад. Саломатиятон нохуб гашта, асабхаробӣ ё ҷароҳати сабук, хастагиву дарди сар эҳтимол дорад. Аз оташ худро дур гирифта, нўшокиҳои спиртӣ истеъмол накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ҳар қадаре муҳаббатро зудтар ба хонаи дил роҳ диҳед, ҳамон андоза хушбахт мегардед. Рўзи хубест барои изҳори муҳаббат, бастани ақди никоҳ ва тўйи арўсӣ. Бо масъалаҳои молиявӣ беҳтараш машғул нашавед. Бо ними нон қаноат кунед, ба зудӣ соҳиби боигарӣ мешавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рўзи серташвиш аст, бар замми серкорӣ мушкилоти шахсӣ ва камбудиҳои рўзгор ташвишатонро зиёду асабатонро хароб месозад. Далвҳои муҷаррад ба хотири дўстдоштаи худ тамоми дороияшонро сарф мекунанд. Даромади нави пулӣ меёбед ё масъалаҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Рехтани мўй нишонаи норасоии витаминҳо аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Агар ба доираи нафарони ношинос афтед, ҳамёни пулҳоятонро дар назди худ нигоҳ доред. Ошиқатон коре мекунад, ки нигоҳатонро нисбаташ комилан тағйир медиҳед. Аксари ҳутҳо қобилияти пешггўйӣ карданро пайдо мекунанд. Якравӣ ва беандешагӣ бар зарари худатон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *